Аслан офатҳои табииро намешавад пешгирӣ кард, наметавон садди роҳи ҳолати фавқулодаи ногаҳонӣ шуд. Вале метавон хатарро коҳиш дод, метавон садди роҳи зарари бештар шуд. барои ин роҳандозии як силсила корҳои таблиғотӣ басо муҳиманд. Одамон қодиранд бо соҳилбандиву поксозии ҷӯву заҳбурҳо хатари офати селро кам кунанд, пеши роҳи обхезӣ ва болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳоро, ки баъзан ба хоҷагиҳо зарар меорад, бигиранд.
Мутобиқи нақшаи чорабиниҳои асосии шаҳри Гулистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2020» ва дастуру супоришҳои сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд аз тарафи бахши Раёсати Кумитаи дар шаҳри Гулистон корҳои таблиғотӣ ҷиҳати пешгирӣ ва огоҳонидани аҳолӣ аз офатҳои табиӣ дар ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон ва Консой бо иштироки роҳбарони ташкилоту, муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо ва фаъолони ҷамоати шаҳракҳои номбурда мулоқоти судманд ташкил ва гузаронида шуданд.
Дар ҷараёни вохӯриҳои ба самъи масъулин расонида шуд, ки баҳри таъмини бехатарии аҳолӣ, барои пешгирии офатҳои табиӣ дар мавсими зимистон ва аввали баҳор, боридани барфу борон бояд корҳои пешгирӣ ба монанди тоза намудани селроҳаҳо аз партову регу сангу шағал, бо ҷалби сокинони маҳал ташкил намудани ҳашарҳои дастаҷамъона, андешидани чораҳои бехатарӣ аз сӯхтор, маҳдуд намудани сафарҳо бо роҳҳои кӯҳӣ дар давраи бориши сахти борону барф ва яхобмонии заминҳо дастурҳо дода шуд.
Сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон майор Ҳикматулло Амонов зикр намуд, ки дар давоми соли 2020, ки дар фасли баҳор боридани боронҳо, зуд-зуд тағйирёбии боду ҳаво ба вуқӯъ мепайвандад.
Вобаста ба ин, масъулинро зарур аст, ки ҳодисаҳои баамаломадаро дар Ситоди доимоамалкунандаи ҷамоати шаҳракҳо баррасӣ намуда, фаъолияти худро боз ҳам дар ин самт пурзӯр намоянд, барои пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда бо аҳолии маҳаллаҳои осебпазири ҳудуди ҷамоати шаҳракҳо сҳбатҳои инфиродӣ гузаронида шавад.
Шаҳзода Бутаева, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат, лейтенант