Сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии Кумита дар бораи ёриҳои аввали тиббиву равонӣ бояд чиро донанд? Ҳангоми сар задани ин ё он ҳаводиси фавқулода чӣ бояд кунанд? Ёриҳои равонӣ, яъне чӣ? Чаро расонидани кумаки равонӣ дар ҳолатҳои фавқулода хеле муҳим аст? Инҳо ва чанд суоли дигар дар машғулият бо сарбозону афсарони қисми ҳарбии Кумита дар вилояти Суғд мавриди баҳсу барарсӣ қарор гирифтанд.
Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш бобати расонидани ёрии аввал ба зарардидагон бо афсарону сарбозони қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд аз тарафи корманди Раёсат лейтенант Шаҳзода Бутаева машғулиятҳо ташкил ва гузаронида шуданд.
Дар рафти машғулият лейтенант Бутаева Шаҳзода бо истифода аз аёниятҳо (слайдҳо, китобчаҳо, варақаҳои иттилоотӣ) вобаста ба расонидани ёрии равонӣ, омўхтани хусусиятҳои фардӣ, аз ҷумла хислат, мизоҷи шахс, техникаҳои расонидани ёрии равонӣ ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодда, шахсият, гурўҳ ва коллектив, стресс ва роҳҳои пешгирии он, намудҳои ҳолатҳои руҳӣ ба иштирокчиён маълумот дод.
Дар ҷараёни мулоқот техникаҳои расонидани ёрии психологӣ ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодда, ба роҳ мондани муошират дар коллектив, тарзи ҳаёти солим, муносибат дар коллектив, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар поёни мулоқот ба ширкаткунандагон маводҳои таблиғотӣ, китобчаҳо ва аёниятҳо тақсим карда шуданд.