Нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Нукоти муҳим

Соли 2019 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  680 ҳолати фавқулодда (соли 2018 - 169 ҳодиса) ба қайд гирифта шуд. Аз шумори умумии ҳолатҳои бақайдгирифташуда 46 ҳодиса ба хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарари моддӣ ва маънавӣ расонд. Мувофиқи маълумоте, ки ба Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулодда Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, дар ин давра 46 офати табиӣ – 51,2% (24 ҳодиса)-ро сел ташкил медод, 17,4% (8 ҳодиса) лағзиши тарма, 10,9 (5 ҳодиса) резиши санг, 4,3% (2 ҳодиса) шамоли сахт, 4,3% (2 ҳодиса) ярч ё рониши замин, 2,2% (1 ҳодиса) раъду барқ, 2,2% (1 ҳодиса) болоравии сатҳи об дар рӯдхона буд.

Дар натиҷаи  офатҳои табиӣ 22 сокини кишвар ба ҳалокат расиданд. Аз ин 9 нафар бар асари лағзиши тарма, аз сел 7 нафар, бар асари сангрезӣ 3 нафар, аз боди сахт 2 нафар, аз раъду барқ 1 нафар ҳалок шуданд. Тибқи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолатҳои фавқулода ба ҳамаи 22 оилаи ҳалокшудагон кӯмаки яквақта ба миқдори  22 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. 

Дар соли 2019 дар натиҷаи офатҳои табиӣ дар ҷумҳури 136 хонаи истиқоматӣ зарар дид, аз ин 22 хона пурра ва 114 хона қисман хароб гардид. Хисорат 31 миллиону 357 ҳазору 300 сомониро ташкил дод. 

 Бо дастгирии Ҳукумати кишвар тибқи Қарори Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда аз моҳи май то сентябри соли 2019 барои оилаҳое, ки хонаҳояшон дар натиҷаи офатҳои табиӣ пурра ё қисман хароб шудаанд - дар шаҳрҳои Хоруғ, Дарвоз, Рушон, Ишкошим, Шуғнон, Роштқалъа ва Мурғоби ВМКБ, Хуросон, Восеъ, Фархори вилояти Хатлон, инчунин ба шаҳрҳои Конибодом, Исфара ва Панҷакенти вилояти Суғд дар ҳаҷми 125 ҳазору 850 сомонӣ таҷҳизоти зарурӣ   ҷудо карда шуд.  Ҳамаи ин кумакҳо бо воситаҳои техникии КҲФ ба сокинони зарардида расонида шуданд.

 Илова бар ин, ба аҳолии зарардида созмонҳои байналмилалӣ: Салиби Сурх, Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ, ЮНИСЕФ, Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ ва САҲА ҳам сӯзишворӣ барои рафъи офатҳои табиӣ, ҳам хӯрокворӣ ва ҳаббҳо барои безараргардонии об ёрӣ расонданд.

Ғарқшудагон, наҷотёфтагон

Дар натиҷаи риоя накардани техникаи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ соли гузашта дар рӯдхонаҳо ва кӯлҳои кишвар 141 нафар ғарқ шуданд (соли 2018 140 нафар буд). Синни 11 нафари ин афрод то 4 сол буд. 14 нафар аз 5 то 10 сол умр доштанд, 31 нафар 11-16-сола буданд, 50  тан дигар замоне бо ҳаёт падруд гуфтанд, ки синнашон аз 17 то 35 сол беш набуд ва 35 нафари боқимонда болотар аз синни 35 буданд.  Соли гузашта наҷотдиҳандагони КҲФ 51 нафарро ҳангоми ғарқ шудан наҷот доданд.  

Мудофиаи гражданӣ ва омӯзиш

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода зарфи соли 2019 кормандони КҲФ дар миёни аҳолӣ  5356 чорабинӣ гузарониданд:  аз ҷумла 36 омӯзиши маҷмӯъӣ оид ба мудофиаи гражданӣ, 107 омӯзиши фармондеҳӣ-ситодӣ, 235 тамрини техникии махсус оид ба мудофиаи гражданӣ, 187 омӯзиши ситодӣ оид ба мудофиаи гражданӣ ва 4693 чорабинии пешгирикунанда дар муассисаҳои таълимӣ, бо қишрҳои гуногуни аҳолӣ гузаронида шуд. Ҳамчунин дар қаламрави кишвар ду тамрини байналмилалӣ низ роҳандозӣ шуд.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ

Бо мақсади ба ҳам овардани кӯшишҳо дар пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо давлатҳо ва созмонҳои дахлдорро рушд ва тақвият медиҳад. Бо назардошти ҳамкориҳо дар ин самт Тоҷикистон фаъолона дар татбиқи ташаббусҳое, ки ба густариши майдони ҳуқуқӣ ва таҳкими иртиботҳои мавҷудаи байнидавлатӣ мусоидат менамояд. Соли сипаришуда роҳбарияти Кумита дар 51 вохӯрӣ (соли 2918 23 вохӯрӣ) бо роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар шарикон ширкат намуд.

Сиёсати кадрӣ

Бо мақсади омода намудан ва бозомӯзии кадрҳо, ҳамчунин баланд бардоштани тахассуси онҳо бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар масъалаҳои алоқаманд ба пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ соли 2019 113 нафар хизматчиёни ҳарбии Кумита дар 41 семинар, конфронс, вохӯриҳо, давраҳои омӯзишӣ, тамринҳо дар хориҷи кишвар ширкат намуданд. 168 нафар хизматчиёни ҳарбии КҲФ дар қаламрави кишвар омӯзиш диданд. 

Соли 2019 9 нафар ба Академияи ҳимояи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ФР дар самти омодагии “Бехатарии техникӣ” дохил шуданд. Дар айни замон дар ин мактаби олӣ се афсари амалкунандаи Кумита ва 20 курсант аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд. 

Бо роҳхати Кумита дар факултети “Пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода”-и Академияи ВКД кишвар 31 нафар курсандони КҲФ таҳсил мекунанд. 

Дар Кумита ба омӯзишу таҳсилоти ҳайати шахсӣ диққати махсус дода мешавад ва мувофиқи бахши таҳлил ва баҳисобгирии кадрҳо соли 2019 афсарони дорои маълумоти олии ҳарбӣ 11%-ро ташкил дод, бо маълумоти олии ғайриҳарбӣ 53%, маълумоти олии нопурра 3%, бо маълумоти миёнаи махсус 12%, бо маълумоти техникӣ 7% ва бо маълумоти миёна 14% буд.

барчасп: