Дар Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе мулоқоти намояндагони Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон бо сарварии сардори шуъбаи таблиғ ва иттилооти ҳизб дар ноҳияи Шоҳмансур Вализода Муҳаммад ва намояндаи кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Ширинбеков баргузор гардид.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ баррасии самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буд, ки дар Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парлумони мамлакат инъикос шудааст.
Муҳаммад Вализода дар суханронии худ нуктаҳои муҳими ислоҳотеро, ки Президенти кишвар оиди самтҳои асосии тезонидани рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар, суръат бахшидан дар тараққиёти саноат, кишоварзӣ ва самти иҷтимоӣ эълон кард, баён дошт.
С.Ширинбеков зимни суханронии худ диққати асосиро ба рушди тандурустӣ, маориф, артиш, иқтисд, саноат, кишоварзӣ равона кард ва бо овардани иқтибосҳо аз Паёми солонаи Сардори давлат ҳарфҳои худро тақвият дод.
Дар суханрониҳо ҳамчунин масъалаҳои баланд бардоштани нафақапулӣ, маоши кормандон баррасӣ шуданд, мисолҳои нишондиҳандаи таъсир ба беҳбуди вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар оварда шуданд.
Дар поёни мулоқот роҳбарияти Раёсат ба меҳмонон барои суҳбати муфассалу муфидашон изҳори сипос намуд ва гуфт, ки ҳар корманди раёсат саҳми худро барои иҷрои вазифаҳои дар пешгузошта хоҳад гузошт.