Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд як тамрини фармондеҳиву сиитодӣ ба кори худ поён дод. Ин тамрин бар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2020, инчунин баҳри амалисозии Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 амалӣ шуд. Гуфта мешавад, ки ҳадафи дигари машқ санҷиши сатҳи омодагӣ, дониш ва дараҷаи касбии ҳайати роҳбарикунанда, нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, такмили малакаи мустақилона амал намудан дар ҳама гуна вазъиятҳо дар заминаи Неругоҳи барқии обии «Қайроққум» буд. Тамрин дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании Неругоҳи барқии обии “Қайроққум” ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода” (заминларза) баргузор гардид.
Машқ дар се давра роҳандозӣ шуда, амалиётҳои «Хабардоркунӣ ва ҷамъшавӣ», «Иҷрои корҳои амалии наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир» ва «Таҳлил ва ҷамъбасти машқ» гузаронида шуд.
Дар ибтидо дар толори корхона ҷаласаи ситоди роҳбарикунандаи машқҳо гузаронида шуда, дар он роҳбари машқҳо иштирокчиёнро бо вазъияти шартии машқ шинос намуд ва доир ба иҷрои вазифаҳо супоришҳои мушаххас дод.
Баъд аз гузаштани заминларзаи шартӣ бо бонги хатар ҳамаи кормандони корхона аз тарафи комиссияи эвакуатсионӣ ва неруҳои ғайриҳарбӣ ба маҳали бехатарӣ саҳни кушоди бинои корхона баромаданд. Дар ҷои бехатар кормандон ҷамъ карда шуда, аз қайд гузаронида шуданд. Неруҳои ғайриҳарбии корхона бо воситаҳо ва лавозимоти наҷотдиҳӣ барои иҷрои корҳо омода карда шуданд. Бояд зикр намуд, ки дар вақти бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ба риояи қоидаҳои бехатарӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, аҳолии зарардида бо воситаҳои аввалиндараҷаи зарурӣ таъмин карда шуданд.
Звенои наҷотдиҳӣ зарардидагонро берун аз биноҳо бароварда, аз тарафи нуқтаи санитарӣ ёрии аввалия расонида шуда, зарардидагон ба муассисаи тиббӣ интиқол дода шуданд. Сӯхтори ба амал омада аз тарафи бахши оташнишонӣ бартараф карда шуд.
Дар ҷамъбасти машқ камбудиҳои дар рафти машқ ошкоршуда аз тарафи роҳбари машқ ба қайд гирифта шуда, барои бартараф намудани онҳо муҳлатҳо гузошта шуд. Дар поёни тамрин сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон майор Ҳикматулло Амонов доир ба натиҷаҳои машқ суханронӣ намуд. Иштирокчиёни фаъол бо ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Шаҳзодахон Бутаева,
сардори бахши кор бо ҷомеаи
Раёсат, лейтенант