Наметавон инҳоро аз ҳам ҷудо кард. Ҷойе, ки фарҳанг ҳаст, он ҷо бояд обод бошад, чун дарахти фарҳанг дар шӯразор сабз намешавад. Ва таваҷҷуҳ ба саломатӣ аз тариқи ҷалби ҳамагонӣ ба варзиш вазифаи аслии воҳидҳои низомист. Сарбоз бояд солиму бардам бошад, то тавонад хизмати Модар-Ватанро адо кунад.
Сержанти хурд Фаррух Маҳмудов аз ҷумлаи фаъхолтарин сарбозони қисми низомии 45075-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Мавсуф дар баробари иҷрои вазифаҳои пурмасъули хизматӣ кушиш менамояд, ки зимни иштирок дар чорабиниҳои варзишӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ бошаду шаъну шарафи қисми низомии хеш ва дар маҷмўъ Артиши Миллии кишварро боз ҳам боло бардорад.
Дар охирин суҳбате, ки бо Фаррух Маҳмудов доштем, гуфт. Ки хеле ба зудӣ муҳлати хизмат ҳам ба анҷом мерасад ва ӯ ба назди волидонаш бармегардад. Вале мешгӯяд, ки ду соли хизмат барояш як мактаби хубе буд. Дар ин мактаб вай дарси садоқат ба Ватанро омӯхт, ба сахтиҳо тобовар шуд, муҳимтар аз ҳама донист, ки қарзи шаҳрвандӣ дар назди Ватан чӣ маъно дорад.
Фаррух ҳамчунин изҳор дошт, ки аз қисми ҳарбӣ меравад ва хотироти хушро ҳам бо худаш мебарад. “гумон аст, ки ман ин ду солро тамоми умр фаромӯш кунам. Ҳарчанд солҳои баъди хизмат солҳои дигар хоҳанд буд. Вале хизмати сарбозӣ чун ифтихори ватандорӣ бо ман ҳамеша боқӣ хоҳад монд. Шодам ва фахр мекунам, ки ман қарзамро дар назди Ватанам адо кардам”,- мегӯяд ӯ.
Дар давоми ду соли хизмат Фаррух соҳиби обрӯ, сазовори медалҳо ва ифтихорномаҳо гардида, ба рутбаи ҳарбии сержанти хурд ҳам мушарраф шудааст.
Лейтенанти калон Усмон Назаров -Сардори хадамоти тайёрии ҷисмонии қисми низомии мазкур илова намуд, ки ба мисли сарбоз Маҳмудов Фаррух дар ин воҳиди низомӣ кам нестанд сарбозони фаъол, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намудаанду аксари онҳо соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Ба гуфти Усмон Назаров ҳар субҳ сарбозон, мувофиқи нақша ба машғулиятҳои варзишӣ ҷалб мегарданду машқу тамриноти онҳо таҳти роҳбарии масъулини ин воҳиди низомӣ оид ба тайёрии ҷисмонӣ мегузарад. Ва омўзиши унсурҳои варзишӣ низ мувофиқ ба шароити иқлимии минтақа гузаронида мешавад.
Дар воқеъ имрўзҳо дар сафи қўшунҳои мудофиаи граждании Кумита сарбозони фаъол ва дорои дониши комил хело зиёданд, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба муввафақиятҳои нав ба нав ноил гардидаанд. Ва аз ҷониби онҳо дар бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда саҳми назаррасеро мегузоранд.
Зимни ворид гардидан ба қисими низомии 45075-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида намудам, ки афсарону сарбозони ин воҳиди низомӣ дар баробари иҷрои вазифаву уҳдадориҳои муҳими ҳарбӣ, ҳамзамон бо меҳнати софдилонаву заҳмати фидокорона ба ободу хуррам гардонидани ҳудуди қисми низомӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд. Саҳни қисми ҳарбиро бо дарахтони сояафкани ороишӣ, аксҳои бузургону шиорҳои меҳанпарастӣ оро дода, онро ба маконе табдил додаанд, ки дар баробари дидан таъби кас болида мегардад.
Бояд қайд кард, ки бо қувваи ҳайати шахсии ин воҳиди низомӣ айни замон корҳои сохтумониву барқароркунӣ ва инчунин азнавсозии мавзеъҳои гуногун бо маром идома доранд.
Қобили қайд аст, ки ҳайати шахсии ин воҳиди низомӣ дар баробари ободонӣ, ба омўзишу бозомўзӣ ва аз худкунии касбу шуғлҳои гуногун ҷалб гардида, онҳо баъд аз ба итмом расидани мўҳлати муайяни хизмати ҳарбӣ пешаи ихтиёр намудаи худро идома медиҳанд.
Ориф Нозимов
афсари калони Маркази
матбуоти КҲФ ва МГ назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон