Терроризм ва экстремизм аз зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир ба шумор рафта, хатари онҳо рӯз ба рӯз рӯшантар мешавад. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоваранд, ки мубориза бар зидди онҳо пурзӯртар карда шавад.
Аз ҷумла, Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки 4 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, чунин пешниҳод манзур доштанд: «Барои ноил гаштан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар муқовимат бо зуҳуроти хатарзои замони муосир бояд бар пояи ҳусни эътимод ҳамдастиву ҳамоҳангиҳои зичи хадамоту ниҳодҳои амниятии кишварҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда шавад. Ба ин манзур, кишвари мо ҳамчун узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати муборизаи самарбахши муштарак бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир пайваста талош карда, фаъолияти созандаро дар ин самт минбаъд низ густариш хоҳад бахшид».
Дар ин конфронси сатҳи баланд, ки коршиносону намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ширкат доштанд, масъалаҳои мубрами вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм баррасӣ гаштанд. Гуфта шуд, ки давоми солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи ифротиён қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор мардуми осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк карданд.
Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расондашуда садҳо миллиард долларро ташкил медиҳад. Танҳо дар қаламрави Афғонистон соли гузашта бар асари ҷангу амалҳои террористӣ зиёда аз 10 ҳазор нафар аҳолии осоишта зарар дида, тақрибан 4 ҳазор нафар қурбон шуд. 32 дарсади қурбониён ва 53 фоизи маҷрӯҳонро занону кӯдакон ташкил доданд.
Мутафаккири бузурги фаронсавӣ Оноре де Балзак навишта буд: «Идеяҳоро фақат бо идея метавон нест кард». Яъне, идеяи миллӣ ва идеологияи миллӣ даркор аст, ки он бояд бар алайҳи терроризму ифротгароӣ кордеҳ бошад, одамонро гирди ҳам оварад.
Дар Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҷавҳар, хосият ё маҷмӯи сифатҳои тоҷикон аз илму донишомӯзӣ, заҳматписандию таҳаммул, сару кор бо замин, оштию сулҳпазирӣ ва ғайра иборатанд. Ва ҳамин консепсия чун идеологияи миллии Тоҷикистон бар зидди терроризму ифротгароӣ равона гардидааст.
Солҳои охир шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ба мушоҳида мерасад. Коршиносон сабабҳои асосии ин зуҳуротро муҳоҷирати меҳнатӣ, истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ифротгароён ва надоштани дониши казоии баъзе ҷавонон унвон мекунанд. Ба қавли онҳо, баъзе муҳоҷирони тоҷик фирефтаи аъзои гурӯҳҳои бадхоҳ гардида, ба манотиқи даргир мераванд. Ба ҳамин монанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аъзои гурӯҳҳои экстремистӣ бо даъвати ба ном «ҷиҳод» ҷавононро фирефта, ба доми худ мекашанд, ба онҳо маблағ ваъда карда, ба ҷанг мебаранд.
Хурсандиовар аст, ки талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ беш аз пеш натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд. Зеро тайи солҳои охир дар кишвар бунёди корхонаю коргоҳҳои гуногун вусъати тоза гирифтаанд, ки ин имкон дод, ҷавонон соҳиби шуғл шаванд. Ва ҷои баҳс нест, ки ин омил роҳи муваффақтарини пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ мебошад.