Рустам Назарзода-Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиҳати ширкат дар як ҳамоиши байналмилалӣ ба Ҷопон рафтааст, оид ба татбиқи амалии барномаҳои коҳиши хатари офатҳо дар Тоҷикистон суханронӣ кард. Вай Стратегияи Миллии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар таҳкими коҳиши хатари офатҳоро муфид донист.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Р.Назарзода дар Конфронси осиёӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки дар шаҳри Хиогои Ҷопон мегузарад, иштирок дорад. Қарор аст ин Конфронс то рӯзи 1 ноябри соли равон идома кунад.
Дар кори ҳамоиш намояндагони 34 кишвари олам ва 29 созмони байналмилалӣ иштирок доранд. Дар рӯзи аввали конфронс сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Р.Назарзода маърӯза кард.
Вай оид ба натиҷаҳои бадастомада аз татбиқи барномаи қолабии Сендай дар Тоҷикистон сухан ронд ва аз ҷумла ба нақши Платформаи Миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо дар ин самт таъкид намуд. Сарвари Кумита дар бахши дигар аз суханрониаш дар бораи системаи коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки дар кишвари мо қабул шудааст, оид ба Барномаи тасдиқшудаи рушди Кумита дар солҳои 2018-2022, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2018-2030 ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳо изҳори назар намуд.
Ҳадафи асосии Конфронс беҳтар намудани ҳамкориҳои минтақавӣ дар мубориза бо офатҳои фаросарҳадӣ, масъалаҳои татбиқи Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо мебошад.
Ширкаткунандагони конфронс муҳимтарин мавзуъҳо, аз ҷумла инфраструктураи устувор ба офатҳо, шарикии байнидавлатӣ ва сектори хусусӣ дар коҳиши хатари офатҳо, гендер, омодагиҳо ва дарки хатар ва афзоиш додани сармоягузориҳо ва ғайраро баррасӣ хоҳанд кард.