Дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба мудофиаи гражданӣ дар донишкадаи энергетикаи Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон ҷойгир шудааст, кормандони Раёсати КҲФ ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон омӯзиш оид ба мудофиаи гражданӣ гузарониданд.
Ҳадафи аслии чорабинӣ такмили малакаҳои амалии шахсони мансабдори мақомоти идорӣ, комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва шуъбаи бехатарии сӯхтор ҳангоми бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, гузаронидани мудофиаи гражданӣ аз замони осоишта ба замони ҷанг буд. Омӯзиш имкон дод ҳамчунин воқеъияти нақшаҳои таҳияшуда ҳангоми бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда санҷида шаванд.
Дар доираи тамринҳо интиқоли одамон ва амволи онҳо гузаронида шуд, нуқтаҳои додани воситаҳои ҳимояи шахсӣ ташкил карда шуданд, иттилооти зарурӣ дар самти мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда ба самъи донишомӯзон ва кормандони донишкада расонида шуданд.
Дар ин чорабинӣ ҳамчунин наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ ширкат доштанд.
Таҳлили чорабинӣ нишон дод, ки кормандони донишкада, масъулони бартарфсозии ҳолатҳои фавқулодда ва бехатарӣ омодаи иҷрои вазифаҳои худ мебошанд.