Садамаи ҳавопаймоии индонезии Boeing 737 бо 189 мусофир

Ҳавопаймои мусофирбари  Boeing 737 мансуб ба ширкати ҳавонавардии  Lion Air баъди парвоз аз фурудгоҳи Ҷакартаи Индонезия дучори садама шуд. Дар ин бора Reuters истинодан ба хадамоти наҷоти Индонезия хабар дод. Тибқи иттилои пешакӣ ин ҳавопаймо бо 189 мусофир ба ҳаво хеста буд ва даҳ дақиқа пас аз парвоз аз назари радарҳо ғайб зад.

Бино ба гузориши нашрияи Straits Times ҳавопаймои Boeing 737 бо хатсайри JT-610 аз Ҷакарта ба самти шаҳри индонезии  Панкалпинанг воқеъ дар ҷазираи Банка равон шуда буд. Соати  6.20 бо вақти маҳаллӣ парвоз кард ва соати 6.33 аз назари радарҳо ғайб зад.

Ҳамчуноне иттилоъ дода мешавад, ҳавопаймо бо 189 нафар ба ҳаво хест, аз 181 мусофири он 3 нафарашон кӯдакон будаанд.

Бино ба хабари пойгоҳи иттилотии Flightradar ҳавопаймо дар баҳри наздикии соҳилҳои Ява сарнагун шуд. Сарнишинони чандин киштиҳои ин минтақа хабар доданд, ки шикастапораҳои ҳавопайморо пайдо кардаанд. 

Ҷустуҷӯи ҳавпаймои сарнагуншуда оғоз шудааст.

Lion Air —калонтарин ширкати ҳавопаймоии Индонезия буда, ба 126 фурудгоҳҳои азими олам парвозҳо ба роҳ мондааст.  Аммо ин ва ширкати ба он наздики Wings Air аз парвоз ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо манъ шудаанд.

Моҳи апрели соли 2013 Boeing 737-800 – и ин ширкат дар тункобҳои наздикии Денпасар ба замин нишаст ва ба ду қисм тақсим шуд. Ҳамаи 108 мусофири он зинда монда буданд. 

Бино ба охирин хабари телевизиони Mash наҷотдиҳандагон дар макони суқути ҳавопаймо ба берун овардани он аз об оғоз кардаанд.  Аммо тафсири ин хабар ҳанӯз интишор наёфтааст.

барчасп: