Ҷаласаи мизи муддавар дар КҲФ оид ба масъалаҳои сайёҳӣ

Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва танзими фаъолиятҳои сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар доираи татбиқи минбаъдаи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” 20-уми октябри соли 2018 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи муддавар дар мавзуи “Низоми ташкил ва баргузории корҳои ҷустуҷӯї ва наҷоти сайёҳоне, ки дар ҳоли рух додани ҳодисаҳои нохуш ба расонидани кумак эҳтиёҷ доранд” баргузор шуд.

Дар кори ин ҷаласа роҳбарони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳие, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият мекунанд, иштирок намуданд. 

Дар мулоқот масъалаҳои табодули таҷрибаи ташкилотҳо ва банақшагирии чораҳо оид ба қитъаҳои хатарнок ҳангоми интихоби хати ҳаракат, оид ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи аҳолӣ ва таъмини бехатарӣ ҳангоми рӯйдодҳои нохуш ва ҳолатҳои фавқулодда, ҳамкории ширкатҳои сайёҳӣ бо Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, тарҳрезии чораҳои ҳифзи сайёњоне, ки дар Тоҷикистон ҳузур доранд, ҳамчунин бақайдгирии онҳо баррасӣ гардид.

Дар ҷараёни ҷаласа ширкаткунандагон дар мавриди таҳкими ҳамкориҳо ва рушду маъруфгардонии сайёҳӣ дар оянда дар кишвар ба мувофиқа расиданд. 

Оид ба ҷаласа протоколи таҳкими минбаъдаи муносибатҳои миёни идораҳо имзо гардид.

барчасп: