Шоми 18 октябри соли равон дар толори конфронсии “Маркази тадқиқоти байналмилалии шаҳри Қоҳира” вохӯрии Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ва устоди забони форсӣ-тоҷикии факултети адабиётшиносии Донишгоҳи Айни Шамс профессор Аҳмад Сомӣ бо аъзои Ҷамъияти тоҷикони Миср доир гардид.
Бояд тазаккур дод, ки ташрифи С. Абдулқодирзода ба шаҳри Қоҳира бо даъвати Дабирхонаи муфтиёти Миср барои ширкат дар Конференсияи “Таҷдиди фатво аз нигоҳи илми назариявӣ ва амалӣ”, ки аз 16 то 18 октябри соли равон дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср баргузор гардид, сурат гирифт. Дар рафти ин вохӯрӣ теъдоди зиёди тоҷикони муқими Миср ширкат дошта, кушодашавии ҷаласа бо Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Сипас сухангӯи Ҷамъияти тоҷикони Миср Муҳаммадамини Абдулҳамид меҳмонони ҷаласаро муаррифӣ намуда, ба ҳозирин дар бораи аҳамият ва зарурати танзими вохӯрӣ суханронӣ намуд.
Дар оғози мулоқот аксҳои воқеии амалҳои террористии ҲНИ, аз ҷумла ҷиноятҳои сангини содиркардаи он дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ошӯби гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва кушта шудани сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, фаъолияти тахрибкории Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, инчунин филми мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам” намоиш дода шуд.
С. Абдулқодирзода дар аввали суханронии худ таъкид намуд, ки Миср, кишвари Азҳари шариф, сарзамини илму маърифат ва соҳиби тамаддуни қадима буда, аз мактаби илму маърифати он бузургтарин олимону нависандагон, орифону фозилон ва мутаффакирони зиёде бархостаанд, ки дар пешрафти соҳаи илму маърифат хидматҳои арзишманде аз худ боқӣ гузоштаанд.
Ӯ дар давоми суханронӣ аз ҳозирин хоҳиш намуд, ки дар баробари фаъолияти кории худ дар хориҷи кишвар зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва нақши тоҷикони бурунмарзиро дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ба монанди ТТЭ ҲНИ, гурӯҳи Ихвонулмуслимин ва равияи Салафия таъкид намуд.
С. Абдулқодирзода аз талошу муборизаи кишварҳо бар зидди ташкилотҳои террористӣ ёдовар гардида, хотиррасон намуд, ки ин ташкилотҳо аз афкори ғалат ва инҳирофӣ сарчашма гирифта, андешаҳои тундравона ва тахрибсозро дар ҷомеаҳо мунташир месозанд. Талоши душманони миллат- ин эҷоди ихтилофу фитна дар миёни мардум буда, аз байн бурдани амну субот, парокандагии давлат ва порашавии он ба давлатҳои хурди бо ҳам оштинопазир мебошад.
С. Абдулқодирзода ба ҳозирин таъкид намуд, ки ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ шохаи осиёгии “Ихвон-ул-муслимин” ва таблиғгари инқилоби исломии охундҳои Эрон буда, чун ДИИШ ва дигар ташкилотҳои террористӣ ба амнияту суботи Тоҷикистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва олами Ислом хатаровар аст.
Матни комили гузоришро аз ин ҷо бихонед:
Профессори Донишгоҳи давлатии Миср Аҳмад Сомӣ: «Дахолати хориҷӣ сабаби асосии коштани тухми ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ гардид»