Чорабиниҳои пешигирии хатари офатҳо дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд

Дар қаламрави кишвар чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо идома дорад. Чунончӣ, дар рустоҳо ва ҷамоатҳои ноҳияи Айнии вилоти Суғд кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ин вилоят якҷо бо созмони байналмилалии “Оксфам” дар муассисаҳои миёнаи таълимоти ҳамагонӣ, ҳамчунин дар байни аҳолӣ аксияҳо, мусобиқоти варзишӣ, суханрониҳо, викторинаҳо дар мавзуъи коҳиши хатари офатҳо баргузор шуд.

Ҳамчунин наҷотдиҳандагони воҳиди вокуниши сареъ дар ноҳияҳои водии Зарафшон ҳамроҳ бо наҷотдиҳандагони ихтиёрии ноҳияи Айнӣ наҷоти одамон ва кӯчонидани афроди зери хатар ба маконҳои амн дар ҳолатҳои фавқулодда, расонидани кӯмакҳои аввалияи тиббиро тамрин карданд. 

Дар охири ҳар мулоқоти пешгирикунанда ба иштирокдорони он китобчаҳо ва дастурҳои таблиғотӣ, ки аз ҷониби мутахассисони КҲФ омода карда шудаанд, тақсим мекарданд.

 

 

 

 

барчасп: