10-11 октябри соли 2018 кормандонаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавҳулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чорабинӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо гузарониданд. Ҳадаф аз роҳандозии ин гуна чорабиниҳо боло бурдани сатҳи огоҳиҳои аҳолӣ оид ба омодагӣ ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда мебошад.
Чунончӣ, 10 октябри соли равон онҳо бо 20 нафар аз директорони мактабҳои миёнаи пойтахт дар мавзуъи “Дониш барои зиндагӣ” суҳбат гузарониданд. Дар ин мулоқот сухан асосан оид ба боло бурдани сатҳи дониш ва малакаҳои роҳбарони мактабҳо дар самти мнеҷмент оид ба коҳиши хатари офатҳо рафт ва онҳо бо шеваҳои нави кӯчонидани хонандагон аз иншоотҳои хатарнок ба маконҳои амн шинос карда шуданд.
11 октяб дар мактаби миёни рақами 45 тамрини амалӣ ва машғулиятҳои беруназдарсӣ гузаронида шуданд, ки дар доираи он кормандони Раёсати КҲФ бо хонандагон малакаҳои вокуниш ва расонидани ёриҳои аввалия ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда машқ карданд.
Маврид ба ёдоварист, ки Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо баҳонаест барои ҷалби таваҷҷӯҳи аҳолӣ ба масъалаҳои офатҳои табиӣ. Офатҳои табиӣ барои рушди кишварҳо, минтақаҳо хатари бузург доранд. Онҳо ногаҳонӣ сар мезананд ва инсонҳоро дар ғафлат мегузоранд. Як роҳи аслии коҳиши хатар ва зарар ин омодагии ҳамешагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда аст ва бояд мақомот тавонанд зарфиятҳои коҳиши хатар аз офатҳоро пайвста боло баранд.