Дар асоси Нақшаи тасдиқшудаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омӯзиши аҳолии он ноҳияҳои кишвар, ки дар ҷойҳои эҳтимолан хатарнок будубош доранд ва бо мақсади татбиқи қарори ҷаласаи Коллегия, ҳамчунин ба муносибати Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳо, ки 13-октябр таҷлил мешавад, кормандони Кумита миёни аҳолӣ фаъолона корҳои таблиғотӣ мебаранд.
Дар ҷараёни мулоқотҳо мутахассисони Кумита ба аҳолӣ муфассал дар бораи ярч, сел, тарма, заминларза ва ғайра маълумот медиҳанд ва ҳамзамон ба онҳо мефаҳмонанд, ки дар ҳолатҳои фавқулодда чӣ гуна бояд худро ҳимоя кунанд. Ҳамзамон онҳоро бо воситаҳои ҳимояи шахсӣ ошно месозанд.
Ғайр аз ин мутахассисони КҲФ ба мақомоти идораи маҳаллӣ оид ба татбиқи вазифаҳои бар дӯшашон гузошташуда ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ёриҳои методӣ мерасонанд.
Дар поёни ҳар мулоқот ба аҳолӣ китобчаҳо ва варақаҳои иттилоотӣ ва таблиғотӣ тақсим мекнунад.
Ҳадафи ин гуна чорабиниҳо афзудан ба донишҳои аҳолӣ дар мавриди амал ҳангоми офатҳои табии гуногун, бахусус дар давраи тирамоҳу зимистон, ошно кардани онҳо бо қоидаҳои кӯчонидани аҳолии зери таҳдиди хатар, ҳамчунин такмили малакаҳои наҷот аз офатҳо мебошад.