«Кишвари мо, ҳарчанд дар саргаҳи ташаккулёбии захираҳои оби Осиёи Марказӣ аст, аз масъалаи глобалии танқисии оби тоза худро канор гирифта наметавонад».
Эмомалӣ РАҲМОН
Барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ боиси ифтихор ва сарфарозист, ки тайи даҳсолаҳои охир, Тоҷикистон бо иқдомҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори кишварҳои ҷаҳон дар соҳаи об гаштааст. Бо назардошти афзоиши пайвастаи аҳолӣ, офатҳои табиӣ, норасоии об, бемориҳои сироятӣ, муноқишаҳои сиёсӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳаводиси дигари ҷаҳонӣ Пешвои миллати тоҷикон дар соҳаи об пешниҳодҳои бисёр судманде намуданд, ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтаанд.
Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, истеъмоли оби тоза дар давоми 50 соли охир 3 баробар афзудааст. То соли 2050 аҳолии сайёра қариб ба 10 миллиард мерасад ва ҳамасола талабот ба оби тоза меафзояд. Дар ҳамин ҳол, то ҳанӯз дар ҷаҳон технологияи поксозанда ва коркарди оби истифодашуда хеле кам аст. Агар чораҳои саривақтӣ андешида нашаванд, то соли 2030 аз оби тоза танқисӣ кашидани тақрибан 5 миллиард аҳолии сайёра имконпазир мегардад.
Норасоии об дар минтақаҳои биёбон ва нимбиёбони ҷаҳон ба муҳоҷирати босуръати аҳолӣ боис мегардад. Вазъи ногувори норасоии оби ошомиданӣ ҳатто метавонад сабабгори даргириҳо ва нооромиҳо дар байни давлатҳои сайёра гашта, дар ҷаҳони муосир майдони навбатии рақобати сиёсиро ба миён орад. Аз ин лиҳоз, тамоми кишварҳои ҷаҳонро мебояд барои ҳалли мушкилоти марбут ба об дастаҷамъона чораҳои муассири саривақтӣ андешанд.
Сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дипломатияи об, ҳифзи захираҳои обӣ ва истифодаи оқилонаю сарфакоронаи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба андешаи хирадмандона асос ёфтааст, яъне масъалаи норасоии об набояд фишанги фишору низоъ ва ҷудоӣ, балки воситаи ҳамкории пурсамар, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилоти муштараки минтақавӣ гардад, кишварҳои Осиёи Марказиро дар тавсеаи ҳамкориву ҳамдастӣ ва ҳусни тафоҳуми байниҳамдигарӣ иродаи бештар бахшад. Мушкили об, ҳамчунин, дар ҷаҳон аз ҷумлаи масъалаҳои доғи рӯз аст, ки бояд бо иқдомҳои дастаҷамъона дар заминаи эътимоду боварӣ ва риояти ҳусни ҳамҷавориву ҳамкорӣ ҳаллу фасли худро пайдо намояд.
Ҳанӯз соли 1999 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии СММ изҳор намуда буданд: «Вақти он расидааст, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба проблемаҳои оби тоза ва масъалаҳои ба он вобаста ҷалб карда шавад».
Иқдомҳои башардӯстонаи Президенти мамлакат бори дигар собит сохтанд, ки миллати тоҷик азалан фарҳангэҷод ва Тоҷикистон пешоҳангу ташаббускори ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии об мебошанд. Ин аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор ва миллати тоҷикро ҳамчун миллати башардӯсту тамаддунпарвар эътироф ва эҳтиром менамояд.
Исфандиёр БАДАЛОВ, омӯзгори Донишгоҳи давлатии
Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ