Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо, ки ҳар сол 13-уми октябр таҷлил мешавад, миёни воситаҳои ахбори омма барои беҳтарин нигошта дар ин мавзуъ (очерк, мақола, навори видеоӣ, барномаи телевизионӣ ва ё радиоӣ) озмун эълон мекнуад.
ТАРТИБ ВА ШАРТҲОИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН:
Барои ширкат дар озмун рӯзноманигорони ҳамаи воситаҳои ахбори чопиву электронӣ (телевизион, радио, сомонаҳои интернетӣ, рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо), ки маводашон дар ин мавзуъ интишор ёфтааст, даъват мешаванд.
Озмун аз рӯи бахшҳои зерин гузаронида хоҳад шуд:
- 1) «Очерки беҳтарин” (мақола, ҳикоя) дар бораи ҳиссаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар коҳиши хатари офатҳои табиӣ”;
- 2) «Филми беҳтарин” (навори видеоӣ) дар бораи ҳиссаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар коҳиши хатари офатҳои табиӣ;
- 3) «Беҳтарин барномаи телевизионӣ ва радиоӣ” дар бораи ҳиссаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар коҳиши хатари офатҳои табиӣ.
Ба озмун маводҳои чопшуда ва ё пахшуда дар мавҷ аз тариқи шабакаҳои радиоӣ ва телевизионӣ оид ба ҳиссаи Кумита дар коҳиши хатари офатҳои табиӣ қабул карда мешаванд.
Барои ширкат дар Озмун хоҳишмандон лутфан маводҳои худро то 18 октябри соли 2018 ба Комиссия дар шакли электронӣ ба пустаи электронии coes.tj.doic@gmail.com, ва ё дар шакли нома ба суроғаи ш.Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ, 26 ирсол кунанд.
Телефонҳо барои маълумот: (+992 37) 2272387, 227 95 09 ва ё (+992) 884000004.