Имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар самти идораи офатҳои табиӣ миёни Тоҷикистон ва Ҳинд

8 октябри соли 2018 баъди анҷоми гуфтушунидҳои расмӣ миёни Ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳо дар самти идораи офатҳои табиӣ имзо шуд.

Ёддошти тафоҳум ҳамкориҳои васеъ миёни ду кишвар дар самти пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, ҳамчунин расонидани кумакҳо барои бартарафсозии оқибатҳои онро дар бар мегирад. 

Санади байнидавлатии имзошуда ҳамчунин имкон медиҳад тартиби вокунишҳои муштараки ду кишвар ба ҳолатҳои фавқулодда, аз ҷумла гузаштан аз расмиёти гумрукӣ содаву осон шавад.

барчасп: