Сагҳо дар хадамоти наҷот. Бори аввал Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода аз сагҳои хидмативу омӯзишдодаро дар наҷоти одамон дар офатҳои табиӣ таҷриба мекунад. Амин гуна як вохиди вижа ҳам дар сохтори Кумита таъсис шуд ва он марҳилаҳои аввали фаъолияти худро мегузаронад. Бори аввал сагбачаҳо барои омӯзиш ва тамрин харидорӣ шуданд. Ин таҷриба чӣ натиҷа хоҳад дод, вақт нишон медиҳад.
Ба он нигоҳ накарда, ки дар айни замон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қадри кофӣ дастгоҳу таҷҳизоти ҷустуҷӯии сохт ва принсипҳои амалашон гуногун дорад, боз ҳам бар ин назар аст, ки кофтукови гумшудаҳо бо ёрии сагҳои махсус омӯзишдода самаровартар аст. Бо назардошти ҳамин муҳим ва зарурат дар сохтори Кумита хадамоти кинологӣ таъсис шудааст.
Дар айни замон Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон сагбачаҳое харидорӣ кардааст, ки барои корҳои ҷустуҷӯиву наҷот омӯзиш дода мешаванд. Онҳоро ромкунандагони маҳаллӣ аз ҷумлаи кинологҳои соҳибтаҷриба барои фаъолияти оянда дар чанд самт, аз ҷумла: ҷустуҷӯ ва наҷот, наҷот аз зери тарма, наҷот дар об, ҷустуҷӯи ҷасади ҳалокшудагон ва ғайра омӯзиш медиҳанд.
Гуфтанист, ки хадамоти кинологӣ дар сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда нав буда, ҳадаф аз он оянда дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳои ҷустуҷӯву наҷот дар ҳолатҳои фавқулодда аст.