Се дастаи беҳтарин дар мусобиқоти бозиҳои қаҳрамонии бисёрҳарба миёни воҳидҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва як сарвари беҳтарини тимҳои ширкаткунанда дар ҷамъбасти мусобиқот, ки рӯзе қабл дар варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар баргузор шуд, эълон шуданд.
Аз 2 то 7 октябри соли равон 12 –умин бозиҳои қаҳрамонии бисёрҳарба миёни воҳидҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он бори аввал наҷотдиҳандагони ихтиёрии Агентии Оғо Хон оид ба макони зист ширкат карданд.
Зарфи се рӯз ширкаткунандагони мусобиқаҳо оид ба се дарси наҷот: “Роҳандозии корҳои ҷустуҷӯиву наҷот дар табиат”, “Корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дар муҳити техногенӣ” ва “Ба роҳ мондани корҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти ғаввосӣ” аз санҷиш гузаштанд.
Дар ин мусобиқот наздик ба 60 нафар наҷотдиҳандагон аз Раёсатҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ, ҳамчунин наҷотдиҳандагони Агентии Оғо Хон оид ба макони зист иштирок намуданд. Дар ҷараёни мусобиқот онҳо бо иҷрои корҳои зериобиву техникӣ ва корҳои гуногуни наҷот дар рӯ ва қаъри об, ҳамчунин маҳорати кӯҳнавардӣ малакаҳои касбии худро намоиш доданд.
7 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе маросими ботантанаи анҷоми мусобиқаҳо баргузор шуд.
Ҷонишини Раиси Кумита, полковник Ҷ. Маҳмадзода ва сардори Раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумита, полковник О.Пилкевич ба ғолибон ҷоизаҳо, кубок ва медал супурданд.
Тимҳои зерин ғолибони муобиқот эълон шуданд:
Ҷойи аввал насиби тими Раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯву наҷот гардид.
Дастаи Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон сазовори ҷойи дуюм шуд.
Наҷотдиҳандагони тими Агентии Оғо Хон оид ба макони зист ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Сарвари дастаи воҳиди наҷоти вокуниши сареъи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон лейтенанти калон Баҳодур Зуҳуров беҳтарин сарвари тим дар ин мусобиқаҳо эълон шуд.