Рӯзи забон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда. Нишасте, ки аз гузаштаи таърихӣ ва асолати забони модарии мо ёд шуд. Нишасте, ки аз поси забону тозагии он сухан рафт, нишасте, ки ҳамагон оид ба осори гаронмояи бузургони тамаддуни миллат иттило гирифтанд ва гуфта шуд, ки ин осори беш аз ҳазорсоларо ҳамин забон то ба имрӯзиён расонидааст. Забон аст, ки миллат тамаддуни худро ва ҷойгоҳи бузургонаш дар фарҳангу илми башариро арзёбӣ мекунад.
6 октябри соли 2018 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти роҳбарият ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказӣ бо адиб, олим ва сардабири нашриёти “Адиб” Муҳтарами Ҳотам баргузор шуд. Ин дидор ба Рӯзи забони давлатӣ бахшида шуда буд.
Ҷонишини аввали раиси Кумита генерал-майор Рустам Шоҳиён мулоқотро ифтитоҳ кард ва дар суханони муқаддамотии худ иброз дошт, ки забони тоҷикӣ пайваста дар ҳоли рушду нумуъ аст ва мақоми давлатӣ доштани он гувоҳ аз соҳибистиқлолии кишвар медиҳад. Як унсури Истиқлолият ин доштани забонест, ки мардумаш бо он суҳбат мекунанд.
Муҳтарами Ҳотам зимни суханронии худ аз ҷойгоҳ ва асолати таърихӣ, гузаштаи забони тоҷикӣ ҳарф зад ва гуфт, ки ин забон то он ки ба ин поя бирасад, марҳилаҳои гуногуни таърихиро тай кардааст. Муҳтарами Ҳотам бо далелҳои зиёд аз куҳнатарин забони олам будани забони тоҷикӣ ҳикоят намуд ва гуфт, ки соҳибони забон бояд ифтихор дошта бошанд, ки забонашон гузаштаи таърихии бой дорад.
Олими шинохта дар бахши дигар аз суханрони худ даъват намуд, ки ҳамагон бояд ба тозагии забон кӯшанд ва ҳифзи забони давлатӣ кори танҳо забоншиносону олимону адибон нест. Мо ҳар як соҳибони ин забонем ва бо ифтихор аз гузаштаи таърихиву фарҳанги беш аз ҳазорсола имрӯз талош кунем, ки он аз олудагиҳо озод бошад.
Муҳтарами Ҳотам ҳамчунин гуфт, ки Ҳукумати кишвар бо қабули Қонуни забон риояи забони давлатиро барои ҳамаи идораҳои давлативу ғайридавлатӣ ҳатмӣ донистааст. Вай иброз дошт, ки пуштибонии давлат аз забон тадриҷан ба покии он ва риояи қонуҳои забон мусоидат кардааст.
Дар поёни мулоқот оид ба риояи ҷанбаҳои мухталифи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” ва истифодаи истилоҳоти соҳавӣ табодули афкор баргузор шуд.