Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Чанд лаҳза қабл ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил анҷом ёфт. Дар рафти ҷаласаҳои хосса ва бо иштироки ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаласа табодули афкори пурмуҳтаво сурат гирифта, доир ба ҳамкории минбаъда дар доираи Созмонамон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Мо ба масъалаи таҳкими минбаъдаи ҳамгироии кишварҳои иштирокдори ИДМ дар соҳаҳои таъмини амнияту субот дар қаламрави Иттиҳод, ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар истеҳсолот, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла дар масъалаи ҳаракати озоди мол, сармоя ва хизматрасонӣ ва фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудем.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи имрӯза 16 қарор ва як қатор изҳороти сиёсӣ қабул гардиданд.
Миёни онҳо Изҳороти сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ бахшида ба 70-солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро яке аз муҳимтаринҳо мешуморем. Ин санад ҷонибдории ҳамешагии моро дар самти ҳавасмандгардонию ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои бунёдӣ тасдиқ мекунад.
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи раёсати худ барои татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои дар Консепсияи худ ба нақшагирифта кӯшиш намуд. Дар ҳамкорӣ бо кишварҳои иштирокдор, Кумитаи иҷроия, дигар мақомоти салоҳиятдор ва соҳавии Иттиҳод беш аз 100 чорабинии дорои аҳамияти умумӣ, аз ҷумла қариб чил ҷаласаи шӯроҳои соҳавӣ гузаронида шуданд.
Ҷаласаҳои бисёре аз мақомоти соҳавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд.
Ҷаласаҳои Шӯрои сарони ҳукуматҳо, Шӯрои вазирони адлия, Шӯроҳои ҳамоҳангсози прокурорҳои генералӣ ва роҳбарони хадамоти андоз, Шӯро оид ба сайёҳӣ, Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти нозироти суғуртавӣ ва Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба карантини растанӣ аз ҷумлаи онҳоянд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти раисии мо ин мустаҳкам намудани ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар доираи Созмони Милали Муттаҳид буд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба ҳамкорӣ байни ИДМ ва СММ-ро таҳия кард.
Корҳо оид ба татбиқи Қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ оид ба мутобиқсозии ИДМ ба воқеияти имрӯза идома ёфтанд. Корҳо оид ба навсозии муқаррароти Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ оғоз гардид. Ба рушди ҳамкории бисёрҷонибаи иқтисодӣ диққати ҷиддӣ дода шуд.
Дар доираи раёсати мо корҳо доир ба амалисозии тадбирҳо, ки дар нақшаи чорабиниҳо оид ба давраи Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ муқаррар гардида буданд (то давраи соли 2020), инчунин дастурҳои Шартнома дар мавриди минтақаҳои озоди тиҷоратӣ идома ёфтанд. Диққати асосӣ ба анҷоми кор оид ба омода намудани лоиҳаи Созишнома оид ба тиҷорати озоди хизматрасонӣ дода шуд.
Бо иштироки фаъоли давлатҳои аъзои ИДМ як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим омода карда шуданд, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ равона карда шудаанд. Дар миёни онҳо — Консепсияи ҳамкорӣ дар самти рушди инноватсионии энергетика ва таҳияи технологияҳои пешрафтаи энергетикӣ, Нақшаи чорабиниҳои афзалиятнок оид ба татбиқи он, Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии партовҳои дастгоҳҳои электронӣ ва электротехногенӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо моҳи июни соли равон дар Душанбе қабулгардида мебошад.
Дар давраи раёсати кишвари мо ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои таъмини амният, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ба ҳамгироии мутақобила ҳангоми ҳолатҳои фавқулода таваҷҷуҳи назаррас зоҳир карда шуд ва мешавад.
Дар ин замина, татбиқи санадҳои қаблан қабулшуда дар ин самтҳо амалӣ карда мешавад. Ман Барномаи байнидавлатӣ оид ба тадбирҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ (солҳои 2014-2018), барномаи ҳамкорӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти хушунатомези экстремизм (солҳои 2017-2019) ва бар зидди тиҷорати одамон (солҳои 2014-2018), инчунин оид ба мубориза бар зидди ҷиноятҳое, ки тавассути технологияҳои иттилоотӣ анҷом дода мешаванд (солҳои 2016-2020)-ро дар назар дорам.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи имрӯза доир ба татбиқи Барномаи панҷсолаи байнидавлатӣ оид ба тадбирҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ (солҳои 2019-2023) ва вобаста ба Созишномаи ҳамкории давлатҳои иштирокдори ИДМ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ қарорҳо қабул шуданд.
Дар самти ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ ба татбиқи як зумра лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои илм, маориф, сиёсати ҷавонон, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса дода шуд.
Дар доираи раёсати Тоҷикистон — дар якҷоягӣ бо кишварҳои иштирокдори ИДМ — маҷмӯи санадҳо таҳия шуда, доир ба рушди минбаъдаи шарикии гуманитарӣ қарорҳо қабул гардиданд.
Ин Нақшаи чорабиниҳои афзалиятнок дар соҳаи ҳамкории гуманитарии давлатҳои иштирокдори ИДМ (солҳои 2019-2020) ва Қарор дар бораи татбиқи Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» дар соли 2021 дар шаҳри Душанбе мебошад.
Қарорҳо дар бораи омодагӣ ба таҷлили 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар бораи дар Иттиҳод эълон намудани соли 2021 Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ муҳим ба шумор мераванд.
Мо инчунин аз қабули Конвенсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкорӣ дар самти тадқиқот ва истифодаи фазои кайҳонӣ бо мақсади сулҳ истиқбол менамоем.
Қарор қабул шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ 11 октябри соли 2019 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор гардад.
Дар фарҷом мехоҳам ба сарони давлатҳои аъзои Иттиҳод барои кори пурсамарашон дар ҷаласаи баргузоргардида ва мусоидати ҳамаҷонибаашон ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории самимӣ изҳор намоям.
Кори фаъолонаи Кумитаи иҷроияи ИДМ дар таҳияи санадҳо ва баргузории ҷаласаи (саммити) Душанбе низ сазовори баҳои баланд мебошад.
Ҳамчунин мехоҳам ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои кори фаъолонаашон дар инъикоси тамоми чорабиниҳое, ки дар доираи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод баргузор гардиданд, миннатдорӣ баён дорам.
Ташаккур барои таваҷҷуҳ.
Манбаъ: Сомонаи Президенти Тоҷикистон