августа 2019

Наҷоти боз се ғарқшуда дар Сир

Боз се нафар баъд аз зуҳри рӯзи якуми август аз дарёи Сир берун оварда шуданд. Ба наҷотдиҳандагон муяссар гардид, ки ду сокини шаҳри Гулистон ва як сокини шаҳри Душанберо, ки дар соҳили рӯди Сир истироҳат мекарданд, аз марг наҷот диҳанд. Танҳо зарфи ду рӯзи охир наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷони ҳафт нафарро аз мавҷи дарёи Сир наҷот доданд.

Мусобиқаи мини-футбол бахшида ба 25-солагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба анҷом расид

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи мини- футбол бахшида ба 25-умин солгарди таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба поён расид. Дар ин мусобиқа 8 тим аз воҳидҳои низомии Кумита воқеъ дар шаҳри Душанбе ширкат карданд ва се тим ғолиб эълон гардиданд. 

Дар бозии ниҳоӣ тими Дастгоҳи марказӣ бар тими Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҳисоби 4:1 пирӯз о мад ва соҳиби шоҳҷоиза гашт. 

Наҷотбахшон ва духтурони КҲФ соҳиби шаҳодатномаи дарси байналмилалӣ шуданд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд кишвараш дар оянда низ ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистонро тақвият мебахшад. Сарвари идораи наҷоти Тоҷикистон сатҳи волои омодагии мураббиёни Фаронса, ки таҷрибаи худро ба ҳамкасбони тоҷики худ омӯхтанд, ситоиш кард.

Боз чаҳор нафаре, ки ғарқ мешуданд, наҷот дода шуданд

Ин чаҳор нафар низ дар ҷойҳои мамнуъ барои шиноварӣ оббозӣ мекарданд ва агар ғаввосони Кумита сари вақт хабар намеёфтанд, фоҷеа рух медод. Зарфи ҳафт моҳи соли равон дар обҳои ҷумҳурӣ 93 нафар ба ҳалокат расиданд. Наҷотдиҳандагони КҲФ тӯли ин муддат ҷони 43 нафарро аз марги эҳтимолӣ наҷот доданд.

Наҷотдиҳандагони КҲФ дар вилояти Суғд муваффақ ба наҷоти ҷони чаҳор нафаре шуданд, ки дар дарёи Сир ғарқ мешуданд. Синни яке аз ин чаҳор нафар нав ба 14 мерасид.

25 СОЛ: Иншооти радиатсионӣ ва кимиёвиро чӣ гуна месанҷанд?

Барои пешгирии холатхои садамавӣ бо пешниҳоди Кумита дар соли 2017 ба МД «Маркази гуронидани партобаҳои манбаъҳои радиоактив» 182 манбаъи нурафкани ионизатсионӣ супорида шуданд. Дар асоси нақшаи якҷояи Кумита ва Агентии амнияти ядроӣ в радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гамма-ченкунии автомобилӣ ва пиёдаи шаҳри Истиқлол, шаҳраки Адрасмон ва ҷамоати Деҳмойи вилояти Суғд, аз ҷумла дар майдонҳои хоктудаҳои боқимондаи урандор, ҳамчунин андозагирии радиатсионӣ дар иншоотҳои дорои хусусияти иҷтимоӣ низ гузаронида шуд.

Дарсҳои бехатарӣ ба бачаҳо дар истироҳатгоҳҳои дараи Варзоб

Кормандони Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  дар урдугоҳҳои бачагонаи саломатии “Шарора”, “Гулхан”, “Орзу”,  “Зимчуруд” воқеъ дар дараи Варзоб барои кӯдакон дарсҳои бехатарӣ гузарониданд.

Ин гуна вохӯриҳо ба он хотир гузаронида мешаванд, ки ба кӯдакон қоидаҳои амали бехатар дар обҳоро омӯзанд ва ҳамзамон расонидани ёриҳои аввалияи тиббӣ ба ғарқшавандагонро ёдрас кунанд.