ноября 2018

Кумита озмун эълон мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бурдани корҳои сохтмонӣ барои бинои Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи Бонки Рушди Осиё  оид ба идораи офатҳои табиӣ дар сатҳи миллӣ дар шакли шоппинг озмун эълон мекунад. 

Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 8-уми ноябри соли 2018.

Ҳуҷҷатҳоро барои ширкат дар озмун ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи ба номи Лоҳутӣ 26 ирсол намоед.

Телефонҳо барои маълумот: (+992 372) 2272387, 2231015.

Мониторинги корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ВМКБ ва ноҳияи Рӯдакӣ

Пӯшида нест, ки махсусиятҳои иқлимиву геологии минтақаҳои Тоҷикистон сабабгори муттасил рух додани офатҳои табиие аз қабили омадани сел, обхезӣ, тарма ва ғайра мешаванд.

Барои иҷрои супориши Сарвари давлат  оид ба роҳандозии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар қаламрави кишвар, аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маҳалҳо корҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ ва иншоотҳои саноатӣ аз таъсири манфии рӯйдодҳои ёдоваришуда гузаронида мешаванд. 

Страницы