Наҷоти кӯдаки сесола, ки соати 2-и шаб дар хона танҳо монда буд
Чоп шуд: 05/07/2023 | admin
Кормандони дастаи вокуниши фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе соати 02:24 дақиқаи рӯзи 5-уми июл ба кумаки як сокини кӯчаи Алишери Навоӣ, 11/9 рафтанд, то барои боз кардани дари бастаи ӯ, ки кӯдаки сесолааш дар дохил танҳо монда буд, ёрӣ расонанд.
Маълум набуд ин хонуми ҷавон чаро дар ин як поси шаб тифли сесоларо танҳо гузоштаву берун рафтааст ва дар баста шудаву натавонистааст ба он ворид шавад.