Ярч дар Деваштич 5 нафарро ҳалок кард
Чоп шуд: 18/05/2021 | admin
Ярч дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд панҷ нафарро ҳалок кард, ки яке аз онҳо тифли яксола буд. Ин ҳодиса рӯзи 17-уми майи соли 2021 тақрибан соати 14:00 – 14:30 дар деҳаи Дархони ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич рух дод. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, ҳодиса хеле ногаҳонӣ буд ва сабаби он бунёди боғ дар теппаи