Коронавирус nCov

COVID-19: шумори мубталоён аз марзи 2 миллион гузашт. Амрико кумак ба будҷаи Созмони ҷаҳонии тандурустиро боздошт

ИМА кумак ба буҷаи созмони ҷаҳонии тандурстиро боздошт. Президенти ИМА Доналд Тромп гуфт, ки ин созмон аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои худ набаромад. Соли 2019 ҳиссаи ИМА ба буҷаи СҶТ каме камтар аз 15% сармоягузории умумии он буд.  Тромп дар як суханронии худ дар Кохи Сафед гуфт: Созмони ҷаҳонии тандурустӣ  дар анҷоми вазифаҳояш дар иртибот  бо эпидемияи ҷаҳонии короно ноком мондааст. Сарвари Кохи Сафед...

Эълони телефонҳо ва иртиботи интернетӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия қарор доранд

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандоне, ки  дар хориҷи мамлакат фаъолият менамоянд, мерасонад, ки вобаста ба вазъи бемории сироятии COVID-19 ва бо мақсади расонидани кумак ва машваратҳои фаврӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷа дар назди вазорат алоқаи доимӣ тавассути телефон ва алоқаи интернетиро  бо рақамҳои 235-03-85, 236-68-88 ва

Пандемияи «COVID-19». Дар ҷаҳон беш аз 1,8 миллион нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд

Дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба 1 миллиону 853 ҳазору 155 нафар расида, теъдоди шифоёфтагон 423 ҳазору 625 кас ва фавтидагон 114 ҳазор 247 тан мебошад. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи...

Covid-19: 1,6 миллион мубтало дар олам. Шумори ҳалокшудагон аз 100 ҳазор нафар гузашт

Шумори сироятёфтагон ба короно дар саросари олам аз марзи 1,6 миллион гузашт. То кунун беш аз 100 ҳазор бар асари сироят ба ин беморӣ аз олам гузаштанд. КОВИД-19 ҳоло 185 кишвари оламро фаро гирифтааст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон эълон кард, ки дар кишвар ягон ҳодисаи сироят ба ин вирус ба қайд гирифта нашудааст. Ин вазорат ҳамчунин иттилоъ дод, ки корҳои пешгирӣ ҳамоно идома доранд ва кулли

COVID-19: Шумори сироятёфтагон дар Сайёра ба 1,5 миллион нафар расид. 89 ҳазор нафар фавтиданд

Бино ба гузоришҳои расонаишуда дар саросари олам 1,5 миллион нафар ба вируси короно сироят шуданд ва шумори ҳалокшудагон аз ин беморӣ аз 89 ҳазор гузашт. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кишварест, ки аз ҳама бештар афроди мубтало ба короновирус дорад. Мақомот шумори гирифторонро 432 ҳазор нафар эълон краданд ва гуфта шуд, ки бар асари ин беморӣ дар саросари ИМА қариб 15 ҳазор нафар ҷон додаанд ва 24

Страницы