Омӯзиши ихтиёриён ба наҷоти одамон дар ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ

Офати табиӣ ва ё техногенӣ метавонад ҳар лаҳза ва дар дилхоҳ маҳаллу ноҳия сар занад. Инҳо қонунҳои пешгӯинашавандаи табиатанд, ки аз одамон омодагии ҳамешагӣ мехоҳанд. Афзудани сафи наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ талаб мекунад, ки воҳидҳои вокуниши сареъи Кумита бо онҳо дарсҳои омӯзишӣ гузаронанд ва онҳоро барои ҳодисаҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ омода созанд.

Кормандони воҳиди вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоби вилояти Хатлон якҷо бо намояндагони созмони байналмилалии “Оксфам” бо гурӯҳе аз наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ аз ҷумлаи аҳолии маҳаллии ноҳияи Восеъ машғулият гузарониданд. 

Дар ҷараёни ин омӯзишҳо ба наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ шеваҳои донишҳо ва малакаҳои амалӣ ва вокуниши дуруст ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда табиӣ ва техногенӣ дар ҷараёни корҳои наҷот ва ҷустуҷӯ, истифодаи таҷҳизотҳои наҷот, расонидани ёриҳои аввалияи тиббӣ ба зарардидагонро тамрин карданд. 

Маврид ба ёдоварист, ки роҳандозии ин гуна омӯзишу тамринҳо барои такмили малакаҳо ва донишҳои наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ басо муфиданд.

барчасп: