Баргузории ҷаласаи навбатии РЕАКТ дар вилояти Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи навбатии Гурӯҳи арзёбиҳои фаврӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) баргузор шуд.

Ин ҷаласа таҳти роҳбарии Сардори Раёсат, полковник Б.Додиён доир шуд, ки дар он  намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалии муқими вилоят иштирок намуданд.

Зимни суханронии худ полковник Б.Додиён  ба созмонҳои байналмилалӣ барои пуштибониашон дар расонидани ёриҳои техникӣ ба Раёсат , ҳамоҳангсозиҳои муштарак  барои бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда изҳори миннатдорӣ намуд ва ба ширкаткунандагон дар бораи вазъи алоқаманд ба ҳолатҳои фавқулодда дар вилоят аз аввали сол маълумот дод. 

Дар ҷараёни ҷаласа шарикони РЕАКТ бо рафти муҷаҳҳазсозии Маркази таълимии Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ва ҳама таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳати самаровар анҷом додани корҳои омодасозии мутахассисон, оид ба фаъолияти лоиҳаи “Дастгирии  ҷомеаи шаҳрвандӣ дар истифодаи тавонбахшӣ дар сатҳи ҷомеаҳо барои одамони маҷрӯҳ дар ноҳияи Айнӣ” ва дар бораи пуштибонии техникии Кумита аз ҷониби шарикон аз РЕАКТ  зарфи 8 моҳи соли 2018 нишон дода шуд. 

Иштирокдорон ҳисоботи намояндагони созмонҳои байналмилалие чун Агентии ҳамкориҳои техникӣ ва рушд (АКТЕД), Анҷумани илмӣ-техникии зиёиёни Тоҷикистон (ASTI)-ро шуниданд.

 Намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани зарфиятҳои Раёсати Кумита дар вилояти Суғд таъкид карданд. 

барчасп: