Олими тоҷик Комил Бекзода бар ин назар аст, ки агар ҷомеа аз амалҳои террористон пуштибонӣ накунад, онҳо заъиф хоҳанд буд ва ҳаргиз ба ниятҳои нопокашон намерасанд. Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки мубориза бо ин падидаи манҳус танҳо кори хадамоти махсус нест.
15 сентябри сол 2018 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо корманди Академияи илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Комил Бекзода доир шуд.
Дар мулоқот масъалаҳои омилҳо, ҳадафҳо, шеваҳо, воситаҳои терроризм, мушкилоти огоҳсозии барвақтии зиддиятҳои миллӣ, решаҳои равонии терроризм ва экстремизм мавриди сӯҳбат қарор гирифтанд.
«Барои террористон қоидаҳои мушаххас, мансубият ба ахлоқи башарӣ вуҷуд надорад. Терроризм дин надорад, мазҳабу миллат надорад. Муқовимат бо терроризм танҳо вазифаи хадамоти махсус нест. Агар аз ҷониби ҷомеа дастгирӣ набинанд, заъиф хоҳанд буд. Терроризм ҷинояти сангин аст. Вақте як инсон ва ё гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ талош мекунад ба ҳадафҳои худ бо ёрии зӯровариву хушунат даст ёбад, ин мудҳиштарин ҷиноят аст”,- гуфт Комил Бекзода.
Дар поёни суҳбати донишманди тоҷик атрофи масоили баррасишуда мубодилаи афкор доир гардид.
Дар охир ҳайати шахсӣ ба олими маъруф барои сӯҳбати хуб изҳори ташаккур намуд.