Ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолият дар вилояти Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади бо тантана ҷашн гирифтани 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона ташкил ва гузаронида шуд.

Ҷамъомадро сарравал сардори Раёсат полковник Додиён Б.  ифтитоҳ бахшида, табрикоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Р.Назарзода ва Раиси вилояти Суғд мўҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро қироат намуда, ҳайати шахсиро бо ин иди бузурги миллат табрику муборакбод намуда, таъкид намуд, ки ҳар яки мо бояд ин дастоварди миллати тоҷикро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, барои таҳкими амнияти миллӣ ҳиссагузор бошем ва ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои давлату Ҳукумат содиқонаву софдилона хизмати Модар-Ватанро иҷро намоем.

Сипас,  барои хизмати содиқона, саҳми арзанда дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ба фаъолон ва пешсафони Раёсат, ба як қатор афсарон медалҳои 20-солагии Кумита супорида шуданд.

Инчунин, дар қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷойдошта, бо мақсади бо тантана ва шукўҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифтани муқаддастарин ва қимматтарин ҷашни Ватани маҳбубамон - 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона ташкил ва гузаронида шуд. Чорабинии идона бо роҳбарии Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани дар вилояти Суғд полковник Додиён Баҳром баргузор гардид.

Бо фармони Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизмати содиқона, саҳми арзанда дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ба як қатор афсарон ва сарбозони фаъол ва пешсафи қисми харбӣ бо медали ҷашнии 20-солагии Кумита ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Чорабинии мазкур бо таронаҳои дилангези ҳофизони Суғдзамин ва оростани дастархони идона барои сарбозон  ҳусни анҷом бахшид.

барчасп: