Баҳси терроризим ва экстремизм дар Раёсати Хатлон

Терроризм ва силоҳи нави он. Оё медонем, ки гурӯҳҳои террористӣ беш аз ҳар вақти дигар шабакаҳои иҷтимоиро барои ба сафи худ ҷалб кардани ҷавонони ноогоҳ истифода мекунанд? Пас чӣ бояд кард? Ин чанд масъала дар як мулоқоти ҳайати шахсии раёсати Кумита дар вилояти Хатлон бо намояндагони хадамоти салоҳиятдор мавриди суҳбат қарор гирифт.

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо намояндагони хадамоти  салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо эктремизм баргузор шуд.

Мавзуъи ин мулоқот “Чораҳои муқовимат бо гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, дар боари фаъолиятҳои собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва сарчашмаҳои маблағгузории он” буд.

Намояндагони хадамоти салоҳиятдор дар рафти суханрониҳои худ қайд карданд, ки гурӯҳҳои террористӣ ҳоло силоҳи дигар доранд, ки он интернет ва шабакаҳои иҷтимоист.  Маҳз бо таблиғот аз ҳамин тариқ онҳо талош мекунанд мафкураи ҷавонони бехабар аз асли воқеъаро ғуборолуд кунанд ва онҳоро ба гурӯҳҳои худ шомил созанд.  Идеологияи радикализм дар сар то сари олам ҳоло аз тариқи шабакаҳои фаъоли иҷтимоӣ таблиғ мешавад.

Қайд гардид, ки Тоҷикистон ширкаткунандаи фаъоли барномаҳи байналмилалии мубориза бо фаъолиятҳои экстремистӣ ва идеологӣ мебошад. 

Дар ҷараёни муколама ва мубоҳиса масъалаҳои низоми амал ҳангоми таҳдидҳои  диниву экстремистӣ ва террористӣ, ошкор намудани гурӯҳҳо ва пешгирии таблиғоти шуми экстремистӣ баррасӣ гардиданд.

барчасп: