Ҳамоҳангсозиҳои байналмилалии коҳиши хатари офатҳо дар вилояти Хатлон

Намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими вилояти Хатлон ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти ҳолатҳои фавқулодда бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани зарфиятҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилоят таъкид карданд.

5-уми сентябри соли 2018 таҳти роҳбарии сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон полковник С.Идизода, ҳамчунин ширкати як қатор созмонҳои байналмилалӣ, ки дар қаламрави вилоят фаъолият мекунанд ҷаласаи гурӯҳи арзёбиҳои фаврӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) баргузор гардид. 

Полковник С.Исозода зимни суханронии худ ба созмонҳои байналмилалӣ барои расонидани кумакҳои фаврӣ ва пуштибонӣ дар бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддае, ки баҳори соли ҷорӣ дар қаламрави вилоят рух доданд, изҳори ташаккур намуд ва ба ширкаткунандагони нишаст оид ба вазъи ҳолатҳои фавқулодда дар қаламрави вилоят  аз аввали сол маълумот дод.

Иштирокдорони нишаст ҳисоботи намояндагони  се созмони байналмилалӣ: Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ва Оксфамро оид ба корҳои анҷомдодаашон дар робита ба расонидани кумак ба аҳолии ноҳияҳои Панҷ ва Фархор, ки моҳи майи соли 2018 аз омадани сел зарар дида буданд, шуниданд. Ҳамчунин дар ин ҳамоиш масъалаҳои ташкили системаи огоҳсозии барвақтии аҳолӣ дар ноҳияҳои Балҷувон ва Муминободи вилояти Хатлон низ барарсӣ шуданд.

 Қарор шуд, ки нақшаи ҳамкориҳо ва амалкардҳои муштарак ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда дар қаламрави вилоят таҳия шавад.

Дар навбати худ намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти ҳолатҳои фавқулодда бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани зарфиятҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда таъкид карданд.

барчасп: