Маркази таълимӣ-методии ҳолатҳои фавқулодда дар Суғд

Омӯзишҳои пайваставу ҳамешагӣ ба хотири омодагӣ ба ҳолатҳои эҳтимолии фавқулодда, офатҳои табиӣ ва техногенӣ роҳандозӣ мешаванд. Барои пешбурди ин корҳо дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таълимӣ-методии махсус амал менамояд, ки тибқи нақша ин гуна чорабиниҳоро роҳандозӣ мекунад. Дар идома аз фаъолияти ин Марказ дар вилояти Суғд бихонед.

Бо мақсади омода намудани аҳолӣ, ҳайати роҳбарикунандаи вилоят ва тарғиби дониш дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2018 Қарори Раиси вилояти Суғд аз 5 декабри соли 2017 таҳти № 561 «Дар бораи гузаронидани Курсҳои омўзиши доир ба мудофиаи гражданӣ ва омодагии ҳайати роҳбарикунанда дар соҳаи пешгирӣ ва ҳифз аз ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд барои соли 2018»  ба имзо расида, тибқи он нақшаву чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои он тасдиқ шудаанд. 

Дар доираи ташкил ва гузаронидани машғулиятҳо вобаста ба омода намудани аҳолӣ аз тарафи ҳайати шахсии Маркази таълимӣ-методии Раёсат бо роҳбарони синфҳои 2 ва 6 мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич ва Шаҳристон (дар маҷмўъ – 145 нафар) дар мавзўъҳои Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, ҳолатҳои фавқулоддае, ки дар ҳудуди вилояти Суғд имкони ба вуқўъ омаданро дорад ва амалкарди аҳолӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда, расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба зарардидагон дар ҳолатҳои фавқулодда, машғулиятҳо гузаронида шудаанд. Дар ҷараёни ин машғулиятҳо доир ба масъалаҳои пешгирии шомилшавӣ ба ҳар гуна гурўҳҳои экстремистӣ, террористӣ суҳбатҳо гузаронида шуданд. 

Маврид ба ёдоварист, ки дар нимсолаи якуми соли 2018 аз тарафи Маркази таълимӣ-методии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд аз рӯи тахассусҳои:

  • - сардорони мудофиаи гражданӣ ва муовинони онҳо: хадамотҳо, ташкилотҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагиҳои деҳқонӣ;
  • - сардорони ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ: хадамотҳо, ташкилотҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагиҳои деҳқонӣ;
  • - сармутахассиси соҳаи мудофиаи гражданӣ
  • - ҳайати фармондеҳӣ – сардорон: роҳбарони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ, роҳбарони тайёрии ҳарбии муассисаҳои таълимӣ;
  • - дигар тахассусҳо: роҳбарони синфҳои 2 ва 6-и муассисаҳои таълимӣ омўзонида шуданд, ки дар маҷмўъ ба ин омӯзишҳо 1333 нафар ҷалб гардиданд.

Ҳамзамон ҷиҳати омода намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оиди амал дар ҳолатҳои фавқулодда 28-апрели соли 2018 дар толори Раёсати маориф ва илми вилояти Суғд дар иштироки намояндагони шўъбаи маориф ва илми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд машғулиятҳо дар мавзўҳои “ Заминларза”, “Риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ва ҳодисаҳои нохуш дар минтақаҳои тобистонаи истироҳатӣ” ва “Риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми зарар расидан аз ҳайвоноти ваҳшӣ, ҳорӣ, хазандаҳо, ҳашаротҳо ва рустаниҳои заҳрнок” ташкил ва гузаронида шуда, тарзу тартиби роҳандозии машқҳои амалӣ аз тарафи намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши Агентии Оғохон дар вилоят фаҳмонида шуда, 200 адад асбобҳои аёнӣ ва фиттаҳои таълимӣ тақсим карда шуданд. То 23-майи соли равон аз ҷониби намояндагони шўъбаҳои маориф ва илми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо 455 нафар роҳбарон ва муовинони  муассисаҳои таълимӣ, аз тарафи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бо 2628 нафар омўзгорон ва аз тарафи омӯзгорон бо 97572 нафар хонандагон машғулиятҳо дар мавзўъҳои “ Заминларза”, “Риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ва ҳодисаҳои нохуш дар минтақаҳои тобистонаи истироҳатӣ” ва “Риояи қоидаҳои бехатарӣ  ҳангоми зарар расидан аз ҳайвоноти ваҳшӣ, ҳорӣ, хазандаҳо, ҳашаротҳо ва рустаниҳои заҳрнок” ташкил ва гузаронида шуданд. Дар охири машғулиятҳо дар 200 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии интихобгардидаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд машғулиятҳои заминларза “Shake out”  бо иштироки 97588 нафар хонандагон ва омўзгорон ташкил ва гузаронида шуданд.

Шаҳзодахон Бутаева,
сардори бахши кор бо
ҷомеъаи Раёсат,
лейтенант

барчасп: