Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоти Суғд вохӯрии ҳайати шахсӣ бо сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Саидзода Баҳром Раҷабалӣ ва сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Суғд Дилрабо Сатторова баргузор шуд. Мавзӯъи суҳбат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» буд.
Ҳадафи ин мулоқот бори дигар ҷалб кардани таваҷҷӯҳи ширкаткунандагон ба қонуни ёдшуда буд. Тарбияи фарзанд ва масъулияти падару модар аз ҷумлаи масъалаҳои хеле муҳимест, ки бояд пайваста аз он ёд шавад. Бахусус, дар замоне, ки воситаҳои таблиғи беруна барои мағзшӯии наврасону ҷавонон ва даъвати онҳо барои пайвстан ба гурӯҳҳои террористӣ фаъоланд, мо бояд хеле ҳушёру зирак бошем ва моҳияти ин гуна таблиғоти зарароварро ба фарзандонамон фаҳмонида тавонем.
Ширкаткунандагон дар бораи раванди таълиму тарбия дар мактабҳо, робитаҳои дуҷониба миёни мактаб ва волидон, иртиботи хонавода бо мактаб ва омӯзгорон ва мушкилоти соҳаи маориф ва роҳҳои бартараф сохтани онҳо изҳори назар карданд.
Дар поёни мулоқот миёни ҳайати шахсӣ ва меҳмонон дар атрофи масоили мавриди баҳс табодули афкор сурат гирифт.
Ш. Бутаева,
Сардори бахши
кор бо ҷомеъаи Раёсат