Таҳлили шаш моҳи фаъолияти Кумита дар нишасти матбуотӣ

Тӯли шаш моҳи соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 145 ҳолати фавқулодда ба қайд гирифта шуд. Аз шумори умумии ҳолатҳои бақайдгирифташуда 18 ҳодиса ба хоҷагии халқ зарари моддӣ ва маънавӣ расонд.  Дар ин бора имрӯз полковник  Муҳаммадҷон Салимзода-муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар нишасти матбуотӣ ибрози назар намуд.

Вай аз ҷумла гуфт, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ 12 сокини кишвар ба ҳалокат расиданд. Аз ин 5 нафар бар асари сангрезӣ, 2 нафар аз зарби раъду барқ, 1 нафар аз заҳролуд шудан бо гелиотроп ва 4 нафар бар асари сел мебошад. Ғайр аз ин дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ 1485 хонаи истиқоматӣ (28 хона пурра), 3836,99 га заминҳои кишт, 12 пул ва 11,346 км роҳи мошингард зарар дид.

Полковник Салимзода боз гуфт, ки ба хонаводаҳои зарардидаи ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Вахши вилояти Хатлон кумакҳо дар шакли маводҳои сохтмон, ғизо, бастаҳои беҳдоштӣ ва хоҷагӣ расонда шуданд.

Ба андешаи ҷонишини Раиси Кумита ба он нигоҳ накарда, ки рейдҳо муттасил гузаронида мешаванд, аз ҷониби кормандони КҲФ дар миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд, аз тариқи радио ва телевизион ва дигар расонаҳои хабарӣ муроҷиатҳо пахш мешаванд, мутаассифона ҳамоно дар иншоотҳои обӣ одамон ба ҳалокат мерасанд. Дар натиҷаи риоя накардани техникаи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар давраи ҳисоботӣ дарёҳо ва кӯлҳо 69 нафар фавтиданд, ки синни 26 нафари онҳо то 16 сол буд. 

Вай гуфт, ки зарфи ин шаш моҳ наҷотдиҳандагони КҲФ 295  баромади фаврӣ анҷом доданд, ки дар натиҷаи он 70 нафар (дар нимсолаи аввали соли 2017  263 нафар) наҷот дода шуданд. 

Муҳаммадҷон Салимзода дар мавриди сиёсати кадрии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сухан ронд ва ба хабарнигорон гуфт, ки дар ин ним сол дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 143 нафар кормандони Кумита дар 15 курсҳои такмили ихтисос, 22 нафар дар семинарҳо, тамринҳо, конфронсҳо дар мавзуъи пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, ки дар кишварҳои хориҷӣ гузаштанд, ширкат варзиданд.   

Дар нимсолаи аввали соли 2018 бо мақсади омӯзиш дар Академияи ҳимояи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ФР дар самти омодагии “Бехатарии техникӣ” барои 8 донишомӯз ва 6 афсари Кумита ба сифати шунаванда квота ҷудо карда шуд. 

Маврид ба ёдоварист, ки нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то зӯҳри имрӯз бо ширкати ҷамъе аз хабарнигорони дохиливу хориҷии кишвар баргузор гардид ва муовини Раиси Кумита полковник Муҳаммадҷон Салимзода ба пурсишҳои онҳо посух дод.

барчасп: