Машварати кории Пешвои миллат бо роҳбарону масъулони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва фаъолони шаҳри Роғун

26 июл дар шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону масъулони Нерӯгоҳи Барқи обии “Роғун” ва фаъолони шаҳри Роғун машварати корӣ доир карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз таъкид доштанд, ки ҳадаф аз баргузории машварати имрӯза натиҷагирӣ аз корҳои сохтмонии иҷрошуда, омодагии ҳамаҷониба ба маросими ба истифода додани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар соли 2018 ва вазифагузорӣ барои давраи семоҳаи дигари соли 2018  мебошад.

Дар кори машварат нахуст гузориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои нозирони Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” Қоҳир Расулзода оид ба иҷрои корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ шунида шуд.

Дар ҳисоботи Сарвазири мамлакат, Раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмон ва ба истифода супоридани иқтидорҳои Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” Қоҳир Расулзода таъкид гардид, ки аъзои шӯрои нозирон барои дар амал татбиқ кардани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳалли кулли масъалаҳои муҳандисию техникӣ, риояи стандартҳои ҷаҳонӣ, ҷалби техникаю технологияи муосир, истифодаи оқилонаи мошину механизмҳои мавҷуда, назорати сифати корҳои иҷрогаштаи сохтмонӣ, тарбияи бунёдгарони ояндаи неругоҳҳои азим, бахусус расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар, тамоми тадбирҳои мушаххас андешида шуд.

Дар кори машварат ҳамчунин ҳисоботи Директори генералии Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” Хайрулло Сафарзода ва намояндаи Ширкати “Салини Импреҷило” Лучано Чиконя оид ба иҷрои уҳдадориҳо дар самти анҷоми корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ шунида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили корҳои иҷрошуда ва омодагӣ барои ба истифода додани навбати агрегати аввали неругоҳ, таъкид доштанд, ки ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ - таъмин намудани истиқлолияти энергетикии кишвар барои рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аҳаммияти ниҳоят бузург дорад.

Афзалият додан ба соҳаи гидроэнергетика ва бунёди иқтидорҳои нави энергетикӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ натиҷаҳои самарабахши худро дода истодааст.

Натиҷаи ҳамин талошҳову тадбирҳо буд, ки бори аввал дар зимистони солҳои 2017-2018 мардуми Тоҷикистон ва соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо неруи барқ бемаҳдудият таъмин карда шуданд.

Барои расидани ба ҳадафҳои дигар бошад, Сарвари давлат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои нозирони Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, Роҳбарияти Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Нерӯгоҳи Барқи обии “Роғун” ва дигар коргарону пудратчиён супориш доданд, ки бо истифода аз ҳар як вақти мусоид барои дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумат талош варзанд.

Дастур дода шуд, ки барои расидан ба ҳамаи мақсаду мароми нек бояд уҳдадориҳо босифат иҷро гардида, корҳои сохтмонӣ, сарфи маблағҳои буҷетӣ таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шавад. Ҳамчунин иҷрои босифати корҳо, дастрасии масолеҳи босифати сохтмонӣ, ҳамкории зичу пурсамари фармоишгар бо ширкатҳои пудратии дохилу хориҷ таъмин карда шавад.

Дар охир Сарвари давлат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти неругоҳ барои таҳияи нақшаи чорабинӣ оид ба истифода додани навбати аввали Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар фасли тирамоҳи соли ҷорӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Супориши дигар ба Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба таъсиси ситоди ҷумҳуриявии ободонию кабудизоркунӣ, барои шинонидани дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ қад қади шоҳроҳи Ваҳдат то шаҳри Роғун дода шуд.

Баъди анҷоми кори машварат бо иштироки аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар ҳамин ҷо ҳисоботи Раиси шаҳри Роғун Билол Иброҳим оид ба иҷрои корҳои ободонию созандагӣ шунида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдомҳои шоистаи сокинони шаҳри Роғун барои дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар баҳои арзанда дода, онҳоро ба анҷоми тадбирҳои навбатӣ барои истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят карданд.

 Манбаъ: Сомонаи Президенти Тоҷикистон

барчасп: