Идомаи корҳои таблиғотӣ дар вилояти Хатлон

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар обҳо кормандони Раёсати  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон маъракаи таблиғотии “Об-қаламрави бехатар нест”-ро идома медиҳанд. Дар ҷараёни ин чорабиниҳо маъмулан кормандони Раёсати Кумита бо сокинони маҳаллӣ, соҳибони заврақҳои шиноварӣ ва истироҳаткунандагон ҳамсӯҳбат мешаванд.

Мутаассифона, вайронкунандагони қоидаҳо дар об низи кам нестанд. Чунончӣ, дар рейди навбатӣ дар соҳили канали “Ҷайҳун”-и шаҳри Бохтар наҷотдиҳандагони воҳиди вокуниши сареъи шуъбаи Раёсати КҲФ зарфи ду соат чанд ҳодисаи оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъро ба қайд гирифтанд. 

Дар масъалаи таъмини амният дар мавсими оббозиву шиноварӣ ва истироҳати тобистона муҳим аст ва кормандони Кумита дар ҳар вохӯрӣ бо сокинон маҳз дар ҳамин бора зиёдтар суҳбат мекунанд. Онҳо мегӯянд дар рейдҳо вазифаи мо бо ошкор кардани вайронкунандагони қоидаҳо маҳдуд намешавад, балки мо бештар бо истироҳаткунандагон ҳамсӯҳбат мешавем ва ба онҳо дар бораи қоидаҳои оббозӣ, наҷоти ғарқшудагон, расонидани кумакҳои аввалияи тиббӣ ва ғайра нақл мекунем ва баъзи чизҳоро амалан ҳам нишон медиҳем. Зеро медонем, ки пешгирӣ аз фоҷеа хеле муҳим аст. 

КҲФ бори дигар ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад ва аз онҳо бо эҳтиром хоҳиш менамояд, ки ба қоидаҳои оббозӣ ва умуман будану истироҳат дар махзанҳои об ҷиддан риоя кунанд. 

Ҳамчунин Кумита ба калонсолон муроҷиат мекунад, ки кӯдаконро беназорат нагузоранд.

Дар ёд дошта бошед: БЕХАТАРИИ ШУМО, ПАЙВАНДОН ВА АТРОФИЁНАТОН дар дасти худи шумост!!!

барчасп: