ҲНИ. ҲИЗБЕ БО АФКОРУ АЪМОЛИ АҲРИМАНӢ

ТТЭ ҲНИ аз замони зуҳури хеш то имрӯз ҳеҷ гоҳ бо роҳи ором ва осоишта муборизаи сиёсиро дар миён нагузоштааст. Ҳамеша ё бо роҳи террори ақидатӣ ё аз роҳи ҷангу хунрезӣ барои расидан ба ҳадафи хеш кӯшиш намудааст. Омилу сабабгори  асосии ҷанг дар солҳои 90-уми асри гузашта ҳамин навъ идеологияи ҷангӣ ва террористии ТТЭ  ҲНИ буд, ки сабаби марги 150 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар гардид.

Шӯрангезӣ ва ихтилофпардозии аъзои ТТЭ ҲНИ дар бомдоди истиқлол мӯҷиби ба гурӯҳҳо тақсимшавии ҷомеа гардид ва бо барчаспзаниҳои кофару илҳодӣ бародар хуни бародарро рехт. Махсусан, бо таҳқири омӯзгору аҳли илм пардохтани наҳзатиён мавқеи илм ва олиму омӯзгорро дар ҷомеа поён овард ва ба дур мондани гурӯҳҳои муайян аз таҳсил гардид, ки дар пайи хеш садҳо мушкили дигарро ба миён овард.

Пас аз имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки мебоист омилони ҷанг бахшида шаванд, ҷиноёти сангини ин ҳизб зери парда монд. Дар давоми 18 сол, ки ин ҳизб дар кишвар озодона амал дошт, фаъолияти хешро на аз роҳи бароварда кардани ниёзи иҷтимоӣ ва беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии мардум, балки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш аз шеваи  террори ақидатӣ истифода намуд. Тавассути сармоягузории хоҷагони берунии хеш таъсис додани ВАО - и ба ном мустақили наҳзатимаоб фазоро пур аз ақоиди ифротӣ намуда, мағзи садҳо нафарро масмум гардонд. Тавассути расонаҳо ҳамарӯза афкори хурофотӣ ва террористиро дар шакли пардапӯшонаи фалсафаи шаҳодат ва амсоли ин таблиғ менамуд. Бояд зикр кард, ки барои башиддат мазҳабишавии ҷомеа ва гароиши мутааддиди ҷавонон ба созмонҳои террористӣ аз “баракати ҳамин мавъизаҳо дар ҷомаи фалсафаи ҷиҳоду шаҳодат”- и идеологҳои ТТЭ ҲНИ маншаъ мегирад. Натиҷаи ҳамин гуна террори ақидатии наҳзатиҳо сабаб гардидааст то даҳҳо нафар ба сафи гурӯҳҳои тундраву террористӣ пайванданд. Аз тарафи дигар тӯли ин солҳо барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи аҳолӣ тавассути расонаҳо пахши усулу ақоид ва афкори тундгароёнаи мазҳабиро ба роҳ монда, боиси бошиддат косташавии зеҳнияти дунявии ҷомеа ва босуръат мазҳабишавии он гардид. Яъне, дар 18 соле, ки ин ҳизб дар кишвар фаъолият намуд, тамоми ҳадафаш ба террори ақидатии ҷомеа нигаронда шуда буд. Нодида гирифтани арзишҳои миллӣ ва дунявӣ ва ба онҳо тарҷеҳ додани арзишҳои диниву мазҳабӣ сабаби он гардид, ки нафарони ҳувиятбохта ба шакли қишри иҷтимоӣ дар ҷомеа ташаккул ёбанд. Агарчи муддати ин замон аъзову роҳбарони наҳзатӣ аслиҳаҳои хешро як сӯ гузошта, аз куштори физикии мухолифини хеш даст бардошта бошанд ҳам, вале онро дар шакли дигар, террори ақидатӣ идома доданд, ки зарари он ба миллат ва мардуми кишвар бамаротиб зиёд будааст.  

Дар марҳилаи охири фаъолияти хеш дар кишвар ва махсусан, пас аз нокомӣ дар интихоботи парлумонии соли 2015 ТТЭ ҲНИ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш, яъне расидан ба қудрати сиёсӣ дар моҳи сентябри ҳамон сол бо роҳи низомӣ хост ҳокимиятро ба даст дарорад. Пӯшида нест, ки дар амалӣ гардидани чунин ҳадаф баъзе кишварҳо ба он сарпарастии молиявӣ намуда, сарони ин ҳизбро ба чунин амал таҳрик намуданд. Ин табаддулоти нофарҷом боиси он гардид, ки фазои орому осоиштаи кишвар дубора халалдор гардида, даҳҳо нафар ҷон диҳанд ва боз ашки модарони тоҷик бирезад. Тавассути ТТЭ ҲНИ ва зери таъсири сиёсати баъзе аз кишварони ҳамсоя Тоҷикистон ба буҳронҳои зиёд дучор гардид, ки ба ҳамагон равшан аст. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҷиддитару қотеонаро нисбат ба онҳо гирифтааст ва барои ҳифзи амнияту суботи ҷомеа ва давлат чораҳои қатъӣ меандешад. Бинобар он, аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон манъ кардани фаъолияти ҲНИ ҳамчун як ҳизби террористӣ - экстремистӣ як амри табиист. 
ТТЭ ҲНИ то ҳол бо мақсади бо роҳи зӯрӣ дар Тоҷикистон гирифтани қудрати сиёсӣ ва ба хотири бунёди «давлати исломӣ» аз ёрию пуштибонии хоҷагони бегонаи худ бархӯрдор аст. Барои ин гурӯҳе, ки дар Аврупо панаҳ бурда, барояшон баъзе доираҳои манфиатдори давлатҳои муайян сармоягузорӣ мекунанд, ҳеҷ арзише муҳим нест, на миллат, на дин, на истиқлолият ва на манфиати миллӣ. Барои онҳо танҳо як арзиш, яъне бо ҳар роҳе набошад, аз “хоҷаҳояшон” ба даст овардани манфиати молӣ ва сармоя дар ивази таҳқири миллат, давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон вуҷуд дорад. 
Хулоса, ТТЭ ҲНИ дар тамоми замони фаъолияти хеш ба ҷуз таассубу хурофотзадагӣ, вопасгароӣ, куштор, беҳувиятӣ, бадномӣ, сарафкандагӣ, хубиеро барои ин миллат ба бор наовардааст. Роҳбарони ин ҳизб, агарчи дар гӯиш худро фариштахӯ намоиш диҳанд ҳам, ҳамеша аъмоли аҳриманиро нисбат ба афроди миллат анҷомидаанд.
 Эҳсони ИЛҲОМ

БОЗЧОП аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” №: 143 аз 20 июли соли 2018    

барчасп: