Ҳар рӯз аз тариқи расонаҳои хабарии кишвар чандин хабар аз садамаҳое мехонем, ки дар гӯшаву канори мамлакат иттифоқ афтода, сабабгори марги одамон шудаанд. Танҳо мурур ба сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ кофист, ки манзараҳои даҳшатро тасаввур кунем.
Чунончӣ, субҳи бармаҳали 16-уми июли соли 2018 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Ваҳдат-Рашт-Лахш” аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, сокини ноҳияи Файзобод, бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, ки яке 57 ва дуюмӣ 42 сол доштанд аз ҷароҳати ҷисмонӣ дар бемористон ба ҳалокат расиданд. Худи ронанда ва мусофири дигар бо ҷароҳати вазнин дар бемористони Файзобод бистарӣ шуданд.
Бино ба навиштаи манбаъ мусофирони автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ҳамроҳ бо ронанда бо ҷароҳатҳои гуногун дар шифохона бистарӣ карда шуданд
Як рӯз баъд маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ аз садамаи дигар хабар дод. 17-уми июл ва боз ҳам субҳ ронандаи автомашинаи тамғаи “Некси”, ҷавони 26-сола, сокини ҷамоати деҳоти С.Кабутови ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи зикргардида, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ду пиёдагард, ки яке 26-сола ва дуюмӣ чорсола буданд, пахш кард. Кӯдаки чорсола дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст ва духтари 26-сола бо ҷароҳати вазнин бистарӣ шудааст.
Фоҷеаи дигар дар ҳамин рӯз дар ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ рух додааст. Ронандаи 28-сола пиёдагарди 48-сола, ки аз Душанбе ба ин ноҳия меҳмонӣ рафта будааст, пахш кардааст. Пиёдагард аз ҷароҳати вазнин дар ҷойи ҳодиса кушта шудааст.
Рӯзи 13-уми июли соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 3 ҳодисаи нохуши нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷа 2 ронанда ва 1 нафар писарбачаи ноболиғ ба ҳалокат расидаанд.
Бегоҳии рӯзи 18-уми июли соли 2018 дар деҳаи Шарқи ноҳияи Фархор рӯйдоди дигари фоҷеавӣ рух дод. Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 37-сола як пиёдагарди 55-соларо пахш кардаву куштааст. Худи ҳамон рӯз ва тахминан дар ҳамон вақту соат ронандаи мошини тамғаи “ВАЗ-21213” дар деҳаи Кӯҳдомани ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди заминҳои деҳаи Кӯҳдоман аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба чуқурии канори роҳ чаппа менамояд. Ронанда бо ҷароҳат бистарӣ мешавад, мусофири дохили мошин дар роҳи интиқол ба бемористон ба ҳалокат мерасад.
Инҳо номгӯи ҳамагӣ чанд хабаре, ки расман интишор ёфтаанд. Мақомоти тафтишотӣ ҳоло аз натиҷаи тафтиши сабабҳои садама ва оқибатҳои онро эълон накардаанд. Вале дар ҳамаи ин хабарҳо иллати аслиро аз уҳдаи идора набаромадани ронандаҳо номидаанд. Ронанда замоне наметавонад аз фоҷеа ҷилавгирӣ кунад, ки бо суръати баланд ҳаракат мекунад ва мошини пеши рӯ ва ё пиёдагардонро мебинад, вале наметавонад сари вақт ҷилави мошинро ба самти дигар гардонад. Суръати баланд монеъ мешавад, ки ронанда садди роҳи фоҷеа шавад.
Дар баъзе хабарҳо аз мастии ронандагон иттилоъ дода мешавад. Сархӯш аз шароб рондани мошин низ метавонад хатаре ба ҷони ронанда, мусофирон ва атрофиён шавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо ронандагонро ҳушдор додааст, ки бо баланд кардани суръати ҳаракат ҷони худ ва ҷони ҳамроҳону мусофирон ва атрофиёнро дар хатар нагузоранд. Аз ҳар нафаи ҳалокшуда фарзандони ятим мемонанд, ҳар маҷрӯҳ мусибатест ба хонавода.
Пас бори дигар хоҳиш мекунем ҳангоми сафарҳо пеши назар оред, ки шумо ва мусофирону ҳамроҳони шуморо дар хона зану фарзанд ва пайвандонатон интизоранд.