Ҷиҳати амалисозии Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2018, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Гурӯҳи кории КҲФ таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумита полковник М.Салимзода машварати омӯзишӣ бо иштироки раисони Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор карда шуд.
Дар баромади худ муовини Раиси Кумита полковник М.Салимзода оид ба ҳолати омодагии ҳуҷҷатгузорӣ дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати татбиқи қонуну қарорҳо дар соҳаи мазкур, пешгирии ғайримақсаднок истифода бурдани маводҳои барои корҳои соҳилмустаҳкакунӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷудо гардида, ба иштирокчиён тавсияҳоро пешниҳод намуданд.
Сардори Сарраёсати мудофиаи граждании Кумита полковник У.Файзуллозода дар суханронии худ оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, таснифи онҳо, ҷалби қувва ва воситаҳо, идора намудани ҳолатҳои фавқулодда ва бурдани корҳои бартарафкунии ҳолатҳои фавқулодда ба ҳозирин маълумот доданд.
Оид ба Қонунҳои мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, қарорҳои соҳавӣ сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита полковник Ҷ. Камолов баромад намуда, ҷиҳати амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 778 аз 29 декабри соли 2006 «Оид ба тасдиқ намудани Қоидаҳои ташкил ва истифодабарии манбаъҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда, фаъолияти комиссияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда, ҷудо намудани кӯмакпулиҳо, баҳогузории зарари расида ба манзилҳои истиқоматӣ ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодда, тавсияҳои зарурӣ пешниҳод намуданд.
Мақсади асосоии баргузории чорабинии мазкур баланд бардо штани маҳорати касбӣ дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои фавқулодда дар ҳудуди вилоят буда, чунин машварат дар ВМКБ баргузор шуда, дар вилояти Хатлон дар моҳи август ба нақша гирифта шудааст.