18 июли соли ҷорӣ воҳидҳои вокуниши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби таҷҳизоти нави нави ҷустуҷӯиву наҷот шуданд.
Таҳвили техника дар доираи татбиқи минбаъдаи Ёддошти тафоҳуми имзошуда дар моҳи майи соли 2017 миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар байни таҷҳизоте, ки ба Кумита таҳвил гардид, асбобҳои равшанидиҳанда, барномаи таъминотии «ArcGIS» барои нақшабардории қитъаҳои хатарнок, дастгоҳҳои худпарвози бесарнишин барои ба даст овардани иттилоъи саривақтӣ ва диқиқ дар бораи ҳолати системаи табиӣ-саноатӣ, бахусус дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва қабули қарори саривақтӣ ва пешгирии ҳолатҳои гуногуни фавқулодда мавҷуданд.
Дар маросими таҳвили техника Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Директори кишварии Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Тоҷикистон Паоло Маттеи ва дигар роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқими кишвар ҳузур доштанд.
Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда зимни суханронии худ ба ҷаноби Маттеи барои таҳвили техника изҳори ташаккур намуд ва қайд кард, ки ин техника бешак барои наҷоти ҳаёти одамони зиёд мусоидат мекунад ва заҳмати наҷотдиҳандагонро осон мегарданад.
Баъди суханронии ҷонибҳо маросими имзои санади таҳвили техника баргузор шуд.