Ҳавои гарм ва беш аз ҳадди интизор тоқатфарсо зиндагии одамонро ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад. Мо ҳоло мебинед, ки соат ба 10 субҳ наздик нашуда, вале дар дар кӯчаву хиёбонҳо гашутугузор кардан амалан номумкин аст. Дар ҳоли гармо хатаре, ки бештар ба одамон таҳдид мекунад, ин баланд шудани ҳарорати бадан болотар аз ҳадди меъёри маъмулист (37,0°С). Барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад:
- тӯли рӯз тирезаҳои хонаатонро пӯшида нигоҳ доред, бахусус агар онҳо рӯ ба офтоб боз мешаванд. Шабонгаҳон, вақте ҳарорати ҳаво дар кӯча поин аст, метавонед тирезаҳоро боз монед, албатта агар ин бехатар бошад;
- ҳаногоми тоза кардани ҳавои манзил дар рӯзҳо ва шабҳои гарм кӯдаконро дар хона тани танҳо нагузоред;
- як обпоши одӣ харед ва ҳангоми гармӣ аз вақт ба вақти дигар манзил ва атрофро об пошед;
- агар дар хона ҳавополо доред, пас талош накунед ҳароратро аз +22 +23 дараҷа паст намоед. Маъмулан ҳама гуна касалиҳои вобаста ба сармохӯрдагӣ дар тобистон бар асари нодуруст истифода шудан аз дастгоҳҳои сардсозии ҳаво дар хона ва сӯистифода аз нӯшокиҳои сард ва яхмосҳо ба вуҷуд меоянд;
- нагузоред, ки ҳарорати баданатон хеле гарм шавад, бештар об нӯшед. Баданатонро бо оби сард пок кунед, вориди душ шавед, аз саратон об резед, пойҳоятонро муддатҳо дар оби сард нигоҳ доред;
- аз нурҳои мустақими офтоб дурӣ ҷӯед ва талош кунед ҳамеша дар соя бошед, то имкон доред, дар айёми гарми рӯз, аз соати 11 то 16 бе зарурат ба кӯча набароед. Бахусус, тавсия намешавад, ки шумо дар ин соатҳо бо кӯдакон гардиш кунед. Аз корҳои ҷисмонии вазнин низ парҳез кунед;
- дар тан либосҳо аз матоъҳои табиӣ дошта бошед, дар сар кулоҳи калони соядор, айнакҳои ҳимоя аз нури офтоб ва чатр гиред;
- бештар об нӯшед, мева истеъмол намоед ва меваҳо дорандагони аслии ҳар гуна витаминҳои ва намакҳои минералӣ мебошанд. Хуб мешавад, ки оби ҷӯшонида ва муносиб ба ҳарорати хона истеъмол кунед ва ё обҳои бегази минералӣ нушед. Бубинед, ки об зиёд сард набошад, зеро ин муҷиби сироят ба бемориҳои гулӯ шуда метавонад ва бар асари он сироятпазирии бадан паст мешавад. Аз нӯшидани обҳои ширин ва газдор, ҳамчунин шароб парҳез намоед;
- бачаҳоро дар воситаҳои нақлиёт нигоҳ надоред. Пеш аз он ки ба мошине нишинед, ки дар офтоб истодааст, дару даричаҳои онро аввал боз кунед ва аз рӯи имкон ҳавополои онро фаъол намоед;
- шахси гармозадаро зуд дар соя хобонед, дар ҷое, ки шамолрас бошад; ӯро маҷбур созед, ки қатра-қатра об нӯшад, баданашро бо матоъи намдор тоза кунед. Баъзан лозим меояд нафаси сунъӣ диҳанд ва ё маҳси дил;
- ва бахусус ҳангоми истироҳат ва оббозӣ хеле бояд эҳтиёт кард, қоидаҳои ҳузур дар махзанҳои об: соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, обанборҳоро риоя намоед.
Одамоне, ки аз бемориҳои қалб ранҷ мебаранд дар гармо чӣ бояд кунанд?
1. Ҳамеша доруҳои таъиншударо бояд бо худ дошт.
2. Ҳатман он дуруеро, ки барои субҳ духтур таъин кардааст, истеъмол намуд.
3. Бо худ бояд оби бегаз дошт.
4. Рӯмол ва ё дастпоки коғазӣ бо худ дошт, то ин ки дар вақти зарурат онро тар намуда, дасту рӯй ва пойҳоро тар кард ва бо ин васила ҳарорати бадани худро мӯътадил нигоҳ дошт.
5. Дар офтоб худро насӯзонед ва кӯшиш кунед аз нурҳои сӯзони офтоб дурӣ ҷӯед.
6. Агар кӯча хеле гарм бошад, хуб мешавад, ки аз хона берун нашавед.
7. Либосҳо аз матоъи табиӣ пӯшед.
8. Рӯзона на камтар аз якуним литр об нӯшед.
9. Ба низоми таомҳо ва ғизои парҳезӣ гузаред, меъдаро бо ғизои вазнин пур накунед.
10. Хеле муҳим аст, ки шароб истеъмол нанамоед ва сигор ҳам накашед.
Дар ҳоли пеш омадани ҳолатҳои ногувор
бо телефони 223-13-11 ва ё 112
ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар диҳед!