Фасли тобистон - фасли оббозиву шиноварист. Фаслест, ки имрӯзҳо тамоми сокинони кишварро ба оббозӣ намудан даъват менамояд.
Бо мақсади таъмини амнияти бехатарии сокинони кишвар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани як қатор корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум, дидору мулоқотҳо баргузор намуда, оддитарин қоидаҳои бехатарӣ дар обро, ки вайрон кардани он сабабгори хатар ба ҷони худи шахс ва наздиконашон мебошад фаҳмонда, дар ҷойҳои ношинос, яъне мавзеъҳое, ки хатарҳо доранд, тавсияҳо доданд.
Аз ҷумла, кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо истироҳаткунандагони лагерҳои истироҳатию фароғатии беруназшаҳрии «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу» суҳбатҳо ороста, ба кудакону наврасон машғулиятҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Ғайр аз ин, наҷотдиҷандагони Кумита дар мавсими тобистон корҳои зиёдеро ҷиҳати пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар об анҷом медиҳанд, миёни мардум корҳои таблиғотӣ мебаранд ва онҳоро бо оддитарин қоидаҳои оббозиву шиноварӣ ошно месозанд. Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе пайваста дар соҳили обанборҳо ва дигар махзанҳои об навбатдории шабонарӯзиро бо мақсади пешгирӣ ва ҳифз намудани аҳолӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар обанборҳо ба роҳ мондаанд, ки он ҳам самараи хуб медиҳад. Ҳангоми суҳбатҳо ва машғулиятҳои амалӣ кудакон ва наврасон бо чашмони худ диданд, ки як бозии ноҷо ва рафтори нодуруст ба фоҷеа оварда мерасонад. Онҳо бо таҷҳизоти наҷотдиҳии Кумита аз наздик шинос шуда, нисбат ба касби наҷотдиҳандагон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Инчунин, аз тарафи кормандони Раёсати Кумита ба кудакону наврасон ва мураббиён рақамҳои телефони Кумитаро ҳангоми рух додани ҳолати фавқулодда пешниҳод намуданд.