Омӯзишҳои маҷмӯъии мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ҳисор

Тибқи нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2018 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳри Ҳисор тамрини маҷмуъии мудофиаи гражанӣ баргузор намуданд.

Ин тамрин се рӯз идома дошт ва мавзуъи он “Амали ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ҳангоми бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва истифодаи нерӯҳо ва воситаҳо оид ба мудофиаи граждании шаҳр” номида мешуд.  

Омӯзиши маҷмӯӣ таҳти роҳбарии Сардори мудофиаи граждании ҳукумати шаҳри Ҳисор Ш.Ҷумъазода ва ширкати фаъолонаи кормандони масъули КҲФ, намояндагони комиссияи шаҳрии мудофиаи граждании Ҳисор, роҳбарони ҷамоатҳои шаҳр ва бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ гузашт.

Дар ҷараёни омӯзиш масъалаҳои омодагии мақомоти идории мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, Барномаи ситемаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, нерӯҳо ва воситаҳо ҳангоми омадани сел, ярч, заминларза ва интиқоли аҳолӣ ба маҳалҳои амн баррасӣ шуданд.  Дар ин омӯзишҳо ҳудудан 1000 нафар ширкат карданд.

Дар давраи омӯзиш сатҳи омодагии аҳолӣ дар ҳимоя аз сел, ярч, заминларза санҷида шуд, ҳамчунин омодагии нерӯҳо ва воситаҳои мақомоти иҷроияи шаҳр ҳангоми бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда арзёбӣ шуданд. 

Ғайр аз ин иншоотҳои ҳимоявии мудофиаи граждании шаҳр ба ҳолати омодабош дароварда шуданд. Дар мувофиқат бо ҳокимияти иҷроияи шаҳр ҳамчунин системаи хабардорсозии фарии аҳолӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулодда ва ё таҳдиди он санҷида шуд.

Дар ҷамъбаст қайд гардид, ки омӯзиш ба ҳадафи худ расид. Ҳангоми машқҳо вазифаҳои дар пеш гузошташуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Наҷотбахшон ҳамроҳ бо дигар хадамот амалҳо оид ба бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногениро тамрин карданд.

барчасп: