Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда фаъолияти нимсолаи худро ҷамъбаст кард

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ба таҳкими назорат дар махзанҳои об дар ин фасли оббозиву шиноварӣ таъкид кард. Вай  аз ҷумла гуфт: “Ба мо зарур аст ҳама корро анҷом диҳем, то ки бехатарии одамон таъмин шавад, бахусус кӯдакон дар амну осоиш бошанд ва аз марги онҳо дар обҳо пешгирӣ бояд кард”.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода коллегияи ҷамъбасти фаъолиятҳои шашмоҳаи фаврӣ-хидматӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии КҲФ, раёсатҳо ва шуъбаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, ҳамчунин фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ иштирок намуданд. 

Дар ҷаласа чорабиниҳои гузаронидашуда дар КҲФ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар давраи ҳисоботӣ, комёбиҳои ба дастомада ва камбудиҳо, таъмини минбаъдаи бехатарӣ дар иншоотҳои обӣ, рушди системаи “112” ва системаи иттилоърасонӣ ба аҳолӣ, ҳамчунин чорабиниҳои ба нақшагирифташуда дар самти ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд то охири соли 2018 ҷиддану ҳамаҷониба таҳлил ва баррасӣ шуданд. 

Аз ҷумла ҳисоботи роҳбарони Сарраёсатҳои КҲФ, Раёсатҳои Кумита дар ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, як қатор шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар бораи корҳои анҷомдодаашон ва пешниҳодоташон оид ба рафъи камбудиҳои ошкоршуда шунида шуданд. 

Дар миёни самтҳои афзалиятдоштаи фаъолияти Кумита ва воҳидҳои сохтории он дар нимсолаи аввал аз ҷониби Раиси КҲФ татбиқи маҷмуъи чорабиниҳои равонашуда ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва ҳодисаҳо, ҳалокати одамон дар онҳо, таъмини омодагии нерӯҳо ва воситаҳои КҲФ ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва технигенӣ, такмили минбаъдаи системаи “112”, иҷрои барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022", беҳтар намудани кор бо ҷомеа ва роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар миёни аҳолӣ, ҳачунин тавсеаи минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ муайян шуда буданд. 

Дар суханронии худ сарвари КҲФ ба ниҳодҳои дахлдор супориш дод, ки корҳои пешгирӣ аз хатар дар иншоотҳои обиро вусъат бахшанд ва таҳким диҳанд. 

«Ба мо зарур аст ҳама корро анҷом диҳем, то ки бехатарии одамон таъмин шавад, бахусус кӯдакон дар амну осоиш бошанд ва аз марги онҳо дар обҳо пешгирӣ бояд кард”,-гуфт Рустам Назарзода.

Вай ҳамчунин қайд кард, ки бояд минбаъд низ ҷойҳое, ки одамон ғайримуташаккилона макони истироҳат интихоб мекунанд, ошкор сохта шаванд, дар миёни аҳолӣ бештар аз пештар корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуда, назорати истифода аз заврақҳое, ки дорои зарфиятҳои камтар мебошанд, пурзӯр намоянд. Дар ин маврид ба воҳидҳои дахлдори Кумита супоришҳои мушаххас дода шуданд. 

Дар ҷаласаи ҳамчунин ба масъалаҳои омодагиҳои ҳарбӣ, сиёсии қисмҳои низомӣ, фаъолиятҳои ҳаррӯзаи нерӯҳо, таъминоти ақибгоҳ ва ғизо, истифода, нигоҳдорӣ ва таъмири техника, силоҳҳо, риояи интизоми ҳарбӣ ва хизматӣ, ба вуҷуд овардани шароити хизмат барои хизматчиёни ҳарбӣ диққати махсус дода шуд.

Баъдан ҳисоботи фармондеҳони қисмҳои ҳарбии Кумита шунида шуданд. Ба онҳо дар мавриди беҳбуди фаъолиятҳои минбаъдаашон дастурҳои мушаххас дода шуданд. 

Ҳамчунин дар мавриди омода намудани лоиҳаи Низомнома дар бораи “Коллегияи КҲФ” дастур дода шуд.

Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ дастур барои истифодаи хидматии кормандони КҲФ, кормандони масъул, вазоратҳо, идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо барои ташкил ва баргузории корҳо оид ба пешгирӣ намудан аз ҳолаҳои фавқулодда тасдиқ гардид.

барчасп: