Наҷоти ҷавоне, ки мехост худкушӣ кунад

Кормандони наҷот дар вилояти Суғд ин бор ҷавони нуздаҳсолаеро аз марг наҷот доданд, ки қасд дошт худкушӣ кунад. Сабабҳо ин амал ва омилҳое, ки ҷавонро ба худкушӣ тела доданд, маълум нест.

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар махзанҳои оби кишвар навбатдории шабонарӯзии кормандони бахши наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Дар навбатдории навбатӣ наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд аз ҳодисаи худкушӣ пешгирӣ карданд ва як нафарро дубора ба ҳаёт дилгарм намуданд.

Ин ҳодиса бегоҳии рӯзи 15-уми июли соли равон, дақиқан соати 19:05 дар дарёи Сир рух дод. Кормандони наҷот як ҷавони 19-сола, зодаи шаҳри Панҷакентро, ки ба қасди худкушӣ худро аз болои пули Исмоили Сомонӣ ба дарё андохта буд, наҷот доданд. 

Ба ӯ фавран кумаки аввалияи тиббӣ расонда шуд ва баъдан ӯро ба мақомоти дахлдор барои муайян кардани сабабҳое, ки ҷавонро ба худкушӣ расондаанд, супурда шуд.

барчасп: