Наҷоти чор сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз марги эҳтимолӣ

Чор сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки се тани онҳо духтарони ноболиғ буданд, ба шарофати амали фаврии наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наҷот ёфтанд. Ин чор тан дар “Баҳри тоҷик” шино мекарданд ва аз дурӣ аз соҳил ва беқувватӣ дигар ёрои онро надоштанд, ки рӯ ба соҳили наҷот оранд. Як амали фаврии кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд онҳоро аз марги эҳтимолӣ наҷот дод.

Наҷотдиҳандагони воҳиди вокуниши сареъи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мавсими тобистон корҳои зиёдеро ҷиҳати пешгирӣ аз ҳалокати одамон дар об анҷом медиҳанд, миёни мардум ҳамвора корҳои таблиғотӣ мебаранд ва онҳоро бо одитарин қоидаҳои оббозиву шиноварӣ ошно месозанд. Ин Раёсат дар соҳили рӯдхонаҳо, ҳавзҳо, обанборҳо ва дигар махзанҳои об навбатдории шабонарӯзиро ба роҳ мондааст. 

Чунончӣ, дар вақти навбатдорӣ дар обанбори “Баҳри тоҷик” наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд одамонеро мушоҳида карданд, ки ғарқ мешуданд. Онҳо марди 41-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, духтари 13-солаи ӯ ва духтарони 14 ва 15-солаи ҳамсояи ӯ буданд.

Духтарон 200 метр дуртар аз соҳил шино мекарданд ва чун қуввату мадорашон кам шуд, тадриҷан ғарқ мешуданд. Падар мехост онҳоро наҷот диҳад, вале аз воҳима духтарон худи ӯро зери об мекарданд. Навбатдори Кумита бо дурбин ин манзараро мушоҳида кард ва ба гурӯҳи наҷот, ки дар об буд, фармони наҷоти ҷони ғарқшавандагонро дод. 

Дар як муддати хеле кутоҳ наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва бо андешидани чораҳои таъхирнопазир онҳоро ба соҳил оварданд. Фавран барояшон кумаки аввалияи тиббӣ расонда шуд. Ба шарофати фаъолияти фаврии наҷотдиҳандагон аз фоҷеаи мудҳиш пешгирӣ шуд. Ҳамаи ҷабрдидагон сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буданд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз шаҳрвандони хоҳиш мекунад бехатарии худро риоя намоянд: танҳо дар ҷойҳое оббозӣ кунанда, ки махсус ҷудо шудаанд, дар ҳолати мастӣ вориди об нашаванд, аз соҳил дур шино накунанд. Ба танҳоӣ оббозӣ накунанд, шиноварӣ дар шабонгаҳон хатари бештар дорад, бахусус агар шаҳрвандон бо такя ба қувваи худ дур аз соҳил раванд.

Падару модарон фарзандони ноболиғи худро танҳо нагузоред ва чун ба соҳили махзанҳои об меравед, ҳамеша онҳоро назорат кунед, нагузоред, ки танҳо вориди об шаванд ва ӯ аз шумо дур раванд!

барчасп: