Панҷ кӯҳнаварди тоҷик ахиран қуллаи ба номи Карл Марксро фатҳ карданд ва парчами давлатии Тоҷикистон дар ин қуллаи баланд насб карданд. Дар миёни онҳо як нафар аз кормандони бахши ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ низ буд.
Ҳамчуноне қаблан ҳам хабар дода будем, дар доираи барномаи чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим кӯҳнавардони мо қуллаи Карл Марксро, ки дар қисмати ҷанубу ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадашон дар баландии 6 ҳазору 723 метр ҷойгир аст, фатҳ намуданд.
Ташкилкунандаи ин экспедитсия ширкати сайёҳии «Mountain Adventure Travel Tajikistan» хати ҳаракатро бо мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамоҳанг намуд.
Гурӯҳ иборат аз 5 кӯҳнавард, ки ба ҳайати он корманди хадамоти махсуси ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон Шаъбон Яфталиев шомил буд, қуллаи Карл Марксро фатҳ намуданд ва дар он парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро насб карданд. Гурӯҳ дар айни замон дар тараддуди поин омадан аз қуллаи фатҳшуда мебошад.
Шаъбон Яфталиев чун корманди хадамоти наҷот дар ин сафар амнияти кӯҳнавардонро ба ӯҳда дошт.