Машғулиятҳои амалӣ дар байни хизматчиёни ҳарбии Кумита

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо наҷотдиҳандагони Дастаи зудамали махсуси Раёсат оид бо мақсади омода намудани хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати рух додани "заминҷунбӣ, омадани сел, обхезӣ, фаромадани ярч ва тарма" ва расонидани ёрӣ ба аҳолии зарардида машғулияти амалӣ гузарониданд.

Машғулият дар қисми ҳарбии Кумита, ки дар вилояти Суғд қарор дорад, баргузор карда шуд. Дар вақти машғулият ба хизматчиёни ҳарбӣ  маълумот дар бораи  ҳифзи аҳолӣ ҳангоми хавфи рух додани ҳолати фавқулодда ва иштироки онҳо дар корҳои бартарафсозӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Ҳамчунин, кормандони Раёсати Кумита ба хизматчиёни ҳарбӣ оид ба таърихи инкишофи мудофиаи гражданӣ ва дар бораи вазифаҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд.

барчасп: